Апрел 16, 2017 10:06 Asia/Dushanbe
  • Ройзании мақомоти вазоратҳои хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар Маскав

Мақомоти вазоратҳои умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар дидоре дар Маскав, мавзӯи ҳамкории дуҷониба барои муқобила бо терроризмро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши сойти РИА Новости, Вафо Ниятбеков- сухангӯи вазорати умури ҳориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, ки дар дидори Низомуддин Зоҳидӣ- муовини аввали вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Олег Серомолотов - муовини вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав, роҷеъ ба авзои амниятии Афғонистон ва таҳдидоти ношӣ аз идомаи нооромӣ дар ин кишвар баҳсу  табодули назар шуд.

Вай таъкид кардааст, ки ин дидор дар чорчӯби барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон баргузор шуда ва ҷонибҳо ба баррасии мавзуи мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва таъсири он ба авзои амниятӣ дар минтақа пардохтаанд. Ҳамчунин дар ин дидор тарафҳо дар бораи роҳҳои ҷилавгирӣ аз ирсоли кумакҳои молӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, муқобила бо андешаҳои такфирӣ ва ифротгароии ин созмонҳо, ҳамкорҳои Русия ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз иқдомоти гурӯҳҳои террористии мустақар дар Афғонистон, алайҳи манофеи Маскав ва Душанбе, баҳсу табодули назар карданд.

Муовинони вазирони вазоратҳои умури хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар ин дидор, ҳамчунин бар зарурати ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии Маскав ва Душанбе  дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шангхай, Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ ва Ҷомеаи ҳамсуд, барои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ таъкид карданд.

 

Барчасп