Апрел 17, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти Тоҷикистон ба думболи таъйиди расмии хабари кушта шудани Ҳалимов

Мақомоти вазорати дохилии Тоҷикистон гуфтаанд, ки то замони таъйиди расмии хабари кушта шудани полковники фирорӣ- Гулмурод Ҳалимов, номи ӯ дар феҳристи афроди таҳти пайгарди Интерпол боқӣ хоҳад монд.

Ба гузориши сойти Ахбор, ин мақомот дар вокуниш ба хабари ахири маҷаллаи “Таймс”, дар бораи куштаи шудани Гулмурод Ҳалимов-фармондеҳи пешини неруҳои вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва аз мақомоти аршади низомии гурӯҳи террористии ДИИШ дар Мусил Ироқ гуфтаанд, ки мунтазири таъйиди расмии ин хабар ҳастанд ва номи Ҳалимов ҳамчунон дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Интерпол боқӣ хоҳад монд.

Нашрияи бритониёии "Times" рӯзи 15 апрел бо такя ба манобеи низомии Ироқ хабар дод, ки полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи ОМОН – воҳиди вижаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва нафаре, ки "вазири ҷанг”-и созмони тундрави ДИИШ ("Давлати исломӣ”) ном бурда мешуд, ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар маҳаллаи "17 июл”-и шаҳри Мусил кушта шудааст.

Вай дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нақзи савганд вафодории афсарӣ, таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.

Тобистони гузашта, Курт Райс (Kurt Reis)-муовини амниятии вазири умури хориҷаи вақти Амрико, аз таъйини ҷоизаи се миллион долларӣ барои иттилоъ аз сарнавишт Ҳалимов хабар дода буд.

Ба гуфтаи Райс, Ҳалимов давраҳои донишафзоиро дар яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико фаро гирифта ва акунун ба муҳрае муҳим миёни фармондеҳони гурӯҳи террористии ДИИШ табдил шудааст.

Гулмурод Ҳалимови 42 сола, авохири апрели соли 2015 нопадид шуд ва авохири моҳи майи ҳамонсол бо интишор як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимои Ютюб, аз пайстани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.