Апрел 17, 2017 21:28 Asia/Dushanbe
  • Даргирии се шаҳрванди Тоҷикистон бо марзбонони узбак як кушта бар ҷой гузошт

Кумитаи марзбонии Хадамоти амнияти миллии Узбекистон аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар марз бо ин кишвар хабар дода, таъкид намудааст, ки истифодаи силоҳ алайҳи ӯ қонунӣ буд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии Кумитаи марзбонии Узбакистон, “15-уми апрели соли 2017, соати 18:10 ҳайати марзбонҳои узбак дар маҳаллаи Қуруксойи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё подаи ҳайвонҳои калони шохдорро мушоҳида кардаанд, ки ба қаламрави Узбекистон ворид шудааст. Марзбонҳо подаро бозпас ба қаламрави Тоҷикистон ронданӣ шуд, ки дар ин ҳолат се нафар аз қаламрави Тоҷикистон ба онҳо наздик шуда, садои эътирозӣ баланд карданд, ки пода дар ҳудуди Тоҷикистон аст. Ин се нафар 50 метр ба қаламрави Узбакистон ворид шуда, талош намудаанд, ба марзбонҳо бо корду калтак ҳамла кунанд”.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, ки дар посух марзбонҳо оташ кушодаанд: “Дар натиҷа Шоимов Аслиддин Абдуҷабборович, сокини маҳаллаи Шлюми ноҳияи Турсунзода дар ҷои ҳодиса кушта шуда, ду нафари дигар ба қаламрави Тоҷикистон фирор намудаанд”.

Ҷониби Узбекистон амали марзбонҳояшро қонунӣ арзёбӣ карда, аз Тоҷикистон даъват намудааст, барои такрор нашудани чунин ҳодисаҳо бо сокинони навоҳии наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шаванд.

Аммо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар қазияи рӯзи 15 апрел марзбонони узбакро муттаҳам кардааст. Ин ниҳод бо нашри як изҳорот гуфтааст, марзбонони узбак тахминан соатҳои 17:30-и 15 апрел ҳудуди 100 метр ба дохили марзи Тоҷикистон ворид шуда, ҷониби се сокини рустои Шулум, ки ба чаронидани чорво машғул будаанд, ҳамлаи мусаллаҳона кардаанд.