Апрел 18, 2017 13:43 Asia/Dushanbe
  • Рушди кумакҳои муҳоҷирони тоҷик ба кӯдакони ниёзманд дар Тоҷикистон

Мизони кумакҳои муҳоҷирони тоҷик ба кӯдакони ниёзманд дар Тоҷикистон бо истифода аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҷозӣ рӯ ба афзоиш аст.

Канали телевизионии “24”-и Русия бо баррасии вазъияти иҷтимоии Тоҷикистон бавижа фаъолияти марокизи нигаҳдории кӯдакони бесарпараст ва ниёзманд тасреҳ кардааст, таи солҳои ахир бо густариши доманаи фаъолияти фанновариҳои навини иртибототӣ, шаҳрвандони тоҷики муқими хориҷ ҳаҷми кумакҳои худ ба ақшори камбизоату ниёзманди ҳамватанонашонро аз тариқи истифода аз хадамоти интиқоли интернетии маболиғ афзоиш додаанд .

Бар асоси ин гузориш, Рафоат Салимова, аз мутасаддиёни парваришгоҳи шумораи 2 шаҳри душанбе гуфтааст, кумакҳои ҳамватанони муқими хориҷ муҷиб шудааст, ки тамоми ниёзҳои моддии кӯдакон бесарпараст ва мустақар дар ин марказ бароварда шавад. Аммо ба таври табиӣ ин кӯдакон ба кумаку муроқибатҳои маънавӣ ва отифӣ беш аз ҳар чизи дигаре ниёзманданд .

Паёмадҳои ҷанги дохилӣ ва ноамниҳои пас аз он ва низ мушкилоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, заминаи маҳрум мондани теъдоди қобили мулоҳизае аз кӯдакону наврасонро дар Тоҷикистон фароҳам кардааст .