Апрел 18, 2017 18:20 Asia/Dushanbe
  • Интишори “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”

Номнома ё “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” мунташир шуд.

Бино ба иттилои бахши равобити умуми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, китоби номҳои миллӣ аз ҷониби нашриёти "Истеъдод" бо се забон ба табъ расидааст. Дар ин китоб 3 ҳазор намунаи номҳои миллӣ гирдоварӣ шудаанд. Интишори ин "номнома" бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июли соли 2016 тавсия ва он беш аз се ҳазор номро дарбар мегирад.

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон қаблан дар суҳбат бо хабарнигорон ҳадаф аз таҳияву интишори “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”-ро эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таърихиву фарҳангии миллӣ тавассути забони миллӣ ва номгузории суннатии тоҷикӣ унвон кард буд. Абдураҳим Зулфониён – сардори шуъбаи танзими Кумитаи забон ва истилоҳот низ дар ин замина эълом кард, ки дар феҳрист номҳои зебо ва хушоянди форсӣ ва инчунин арабии маъмул дар забони тоҷикӣ, ба мисли  Абдуллоҳ, Хайруллоҳ ва Сайфуллоҳ гирдоварӣ гардиданд. Фақат номҳое, ки шахсияти инсонро паст мезананд ё дар оянда мояи нигаронӣ ва мазоҳи фарзандон мешаванд, ба мисли Сангу Табару Кулӯх ва номи ашё ҳазф шудааст.

Ба гуфтаи масъулони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, бо нашри ин номнома акнун волидон метавонанд бидуни мушкилот ва иҷбор аз ин феҳрист барои навзодони хеш номҳои зебову муносиб интихоб намоянд. Абдураҳим Зулфониён ҳамчунин дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз иштибоҳ ва такрор аз ин ба баъд бо дастури ҳукумати Тоҷикистон тағйири номҳои ҷуғрофӣ дар кишвар низ бояд дар мувофиқа бо Кумитаи забон ва истилоҳот сурат бигирад. Абдураҳим Зулфониён таъкид кард, ки интихоби ном аз ин китоб иҷборӣ нест ва ақаллиятҳои қавмӣ метавонанд фарзандони худро тибқи расму оинҳои миллии худ ном гузоранд ва тартиби номгузории ақаллиятҳо мутобиқи имлои забони онон анҷом хоҳад шуд.

Гуфтанист, китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” дар нашриёти “Истеъдод” ба теъдоди 10 ҳазор нусха мунташир шудааст.