Боздошти 16 ифротгаро дар Узбакистон
Кумитаи амнияти Узбакистон аз боздошти 16 ифротгаро, ки қасд доштанд, ба гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия бипайванданд, хабар дод.
Ба гузориши Радиои узбакии бурунмарзии Эрон, ҳастаи аввалияи ин гурӯҳ, ки аз тариқи интернет барои террористҳо нерӯи инсонӣ ва кумаки молӣ ҷазб мекард, дар Русия ташкил шудааст. Раҳбарони ин гурӯҳ Олимҷон Ҳасанов ва Мақсад Муҳаммадяъқубов будаанд, ки ба дасти нерӯҳои амниятии Узбакистон боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи манобеъ, теъдоде аз аъзои ин гурӯҳ аз тариқи Туркия ба Сурия рафтаанд, ки барои онон низ парвандаи ҷиноӣ боз ва дар ғайбашон ҳукм содир шудааст. Аз сӯйи дигар торнамои СА-“News” гузориш додааст, бозрасони марзи Қирғизистон имрӯз, сешанбе, 9 шаҳрванди Узбакистон, шомили ҳашт марду як занро, ки дар як мошини боркаше, дар зери абзорҳои оҳанин пинҳон шуда буданд, боздошт кардаанд. Ин шаҳрвандони Узбакистон, ки аз 22 то 35-сола эълом будаанд, ба мақомоти додгоҳи амнияти Қирғизистон таҳвил дода шудаанд.