Андешаҳои инсондӯстонаи Шайх Саъдӣ – муассиртарин осори  адабиёти ҷаҳонӣ 
(last modified Fri, 21 Apr 2017 11:49:18 GMT )
Апрел 21, 2017 16:49 Asia/Dushanbe
  •  Андешаҳои инсондӯстонаи Шайх Саъдӣ – муассиртарин осори  адабиёти ҷаҳонӣ 

Андешаҳои инсондӯстонаи Шайх Саъдии Шерозӣ бо вуҷуди гузашти қарнҳо аз ҷумлаи таъсиргузортарин  осори  адабиёти ҷаҳонӣ  дониста мешавад.

Ин нукта аз сӯи донишмандони шинохтаи улуми забону адабиёти тоҷик зимни рунамоӣ аз китоби “Гулистон”-и Саъдӣ, матни комил ва шарҳи он” зимни маросиме  дар шаҳри Душанбе  баён гардид. Маросими рӯнамоии матни комили “Гулистон”-и Саъдӣ бо хати силирик дар таҳияи донишманди тоҷик Обид Шакурзода дар толори Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон бо ҳузури шоирону нависандагон ва адабиётшиносони саршиносӣ тоҷик  баргузор шуд.

Обид Шакурзода, донишманди тоҷик ва таҳиякунандаи матни комили “Гулистон” таъкид кард, ки китоби мазкур имкон медиҳад, то мардуми форсигӯ ва силирикхони Осиёи Марказӣ  бо андешаҳои инсонпарварона ва ахлоқии Шайх Саъдӣ бевосита ошно шаванд.

Зимни ин ҳамоиш донишмандон ва адабиётшиносони тоҷик бар нақши муассири осори Шайх Саъдӣ ва андешаҳои инсонпарваронаву  ахлоқии вай таъкид карданд.

Бояд гуфт, ки матни комили “Гулистон”-и Саъдӣ ва шарҳи он бо мусоидати пажуҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо хати силирик мунташир шуд.

Гуфтанист,  ҳамасола аввали урдибиҳиштмоҳ дӯсторону ҳаводорони каломи Шайхи Аҷал, Саъдии Шерозӣ гирди ҳам ҷамъ шуда, аз ин шоири тавонои порсигӯ ёд мекунанд.

Абу Муҳаммад Муслиҳиддин ибни Абдуллоҳ, маъруф ба Саъдии Шерозӣ аз барҷастатарин шоирони порсигӯи қарни сенздаҳ аст.Саъдӣ  сафири инсоният, ҳамбастагӣ ва ҳамзистӣ буда, барои гуфтугӯи  фарҳангҳо ва тамаддунҳо бо ашъор зебои худ заминасозӣ кардааст.

Шайхи Аҷал ва ду китоб, “Гулистон” ва “Бӯстон”-и  ӯ дар тору  пӯди андеша ва фарҳанги форсизабонон  макон  дошта  ва бо сипарӣ шудан қарнҳо аз вафоташ ӯ ҳамчунон ба унвони шахсияти таъсиргузор  бар шеър ва адабиёти  форсӣ матраҳ аст.