Матбуоти Тоҷикистон: Аз куштори Ҳалимов то куштори Шоимов
Хабари кушта шудани сарҳанги фирории тоҷик Гулмурод Ҳалимов дар Ироқу ҷангиёни тоҷики узви ДОИШ дар Афғонистон, баргузории нахустин намоишгоҳи иқтисодии Узбакистон тайи 25 соли ахир дар шаҳри Душанбе, афзоиши қимати доллар дар баробари сомонӣ ва болоравии нархҳо дар Тоҷикистон аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯъҳои матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашряи “Фараж” дар саҳфаи аввали хеш ба нақл аз хабаргузории “Таймз” навиштааст, ки фармондеҳи баландпояи “Давлати исломӣ”, ки ӯро вазири ҷанги муҷоҳидон низ ном мебаранд, дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар Мосули Ироқ кушта шудааст. Ҳафтанома ёдовар мешавад, ки сарҳанг Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи нерӯҳои вижаи ВУДТ буд, ки моҳи майи соли 2015 ба гуруҳи террористии ДОИШ пайваст ва ин севвумин бор аст, ки хабари марги вай нашр мешавад.
Инчунин гуфта мешавад, ки Гулмурод Ҳалимов аз соли 2003 то 2014 чанд давраи омӯзишҳои вижаи зидди тераристиро дар Амрико пушти сар кардааст. Ин аст, ки давлати Амрико барои ёфтани маҳалли сарҳанги фирории тоҷик - Гулмурод Ҳалимов 3 миллион доллар мукофот ваъда кардааст.
Дар баробари ин моҳи феврали 2016 расонаҳои дохилию хориҷӣ хабар доданд, ки Ҳумайро Мирова, ҳамсари дувуми Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик бо чаҳор фарзандаш ба "ДОИШ” пайвастааст.
Аз суи дигар муаллиф менависад, ки мақомоти Тоҷикистон мегуянд, ки иттилои дақиқе дар мавриди вазъи Гулмурод Ҳалимов надоранд Аммо Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки дар натиҷаи партофтани бомбаи азими Амрико, ки бори аввал дар Афғонистон истифода шуд, фармондеҳи дигари ҷангҷӯёни тоҷик дар сафи ДОИШ ва 11 зердасташ кушта шудаанд.
Дар фарҷоми матлаб нашрия менависад, ки ахиран мақомоти интизомии Тоҷикистон фарзанди 18 солаи Гулмурод Ҳалимов Беҳрӯз Гулмуродовро боздошт кардаанд.
Дар идомаи ин мавзуъ нашрияи “Озодагон” аз таҳлигарон суол кардааст, ки оё хабари маҷаллаи "Таймс" охирин иттилои марги Гулмурод Ҳалимов аст?
Саъди Ворисов, таҳлилгари тоҷик гуфтааст, ки далелҳои кофӣ барои мутмаин шудан аз дурустии ин хабар вуҷуд надоранд, зеро то ҳол ҳич далели мувассақи видеоӣ ё ҳатто акси Ҳалимов нашр нашудааст.
Меҳр Собириён, коршиноси Маркази оянданигарӣ ва омӯзиши равандҳои муосири ФУТ бар ин назар аст, ки дар ҳама ҷанг ҳуҷумҳои равонӣ ҳам сурат мегиранд ва агар ин хабари “Таймс” дурӯғ бошад, пас мақсад аз паҳнсозии чунин хабарҳо шикастани руҳияи душман аст.
Аммо Умарҷони Эмомалӣ , сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар мавриди кушта шудани сарҳанг Ҳалимов иттилоои дақиқ нест ва ҳоло таҳқиқи ин хабар идома дорад.
Дар баробари ин Нуралӣ Давлатов, коршиноси тоҷик гуфтааст, ки ба хабари нашрияи “Таймс” бовар надорад, зеро чанд бор аст ки хабарҳои зидунақиз дар мавриди кушта шудани Гулмурод Ҳалимов пахш мешаванд, ки баъдан тайид намешаванд.
Ва аммо Иззат Амон, вакили мудофеъ дар Русия таъкид кардааст, ки кушта шудан ва ё зинда будани собиқ сарҳанг ба касе муҳим нест. Ва мусаллам аст, ки ӯ имруз ё фардо кушта мешавад, шояд ҳам аллакай кушта шуда бошад.
Аммо ба гуфтаи вай аз ин тариқ бархе расонаҳо гоҳ-гоҳ барои боло бурдани рейтинги хеш ва ё латма задан ба обу рӯйи Тоҷикистон низ истифода мекунанд.
Нашрияи русизабони чопи Душанбе Азия-плюс дар саҳфаи аввали хеш матлабе таҳти унвони туҳфаи ғайриинтизори Узбакистон чоп карда навиштааст, ки дар шаҳри Душанбе барои аввалин бор дар 25 соли ахир нашоишу фуруши колаҳои тавлиди кишвари ҳамсоя баргузор шуд.
Муаллиф таъкид мекунад, ки ин намоишгоҳ бозгукунандаи он буд, кишвари ҳамсояи Узбакистон тули солҳои истийлолият ба рушди бесобиқаи санъатӣ дар амри тавлиди таҷҳизотӣ электронӣ, мошинолоти мухталиф, маҳсулотӣ ғизоӣ, атриёт ва дору даст ёфтааст.
Муаллиф меафзояд, ки дар поёни ҳамоиши муштараки бозаргонони Тоҷикистону Узбакистон дар Душанбе миёни соҳибкорони ду кишвар ҳудуди 20 қарордоди ҳамокорӣ ба маблағи беш аз 35 млн. ба имзо расидааст.
Рузномаи имруз нюз дар матлабе таҳти унвони Воҳимаи доллар тавзеҳоти муфасали БМТ дар мавриди беқурбшавии сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷиро нашр кардааст.
Дар ин матлаб БМТ таъкид кардааст, ки ноустувор боқӣ мондани вазъи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон, баланд шудани арзиши доллар вобаста ба сиёсати Бонки Марказии Амрико ва паст будани арзиши колаҳои асосии содиротии Тоҷикистон, аз ҷумлаи омилҳои берунӣ дониста мешаванд.
Дар баробар ин ба гуфтаи БМТ афзудани ҳаҷми пули нақд дар бозори дохилӣ, зиёдшавии фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳаҷми савдо ва боло рафтани қурби рубли русӣ, зарурати хариди арзи хориҷӣ барои бозпардохти қарзҳои хориҷии давлат, зиёд шудани талаботи бонкҳо ба доллари нақд барои бозпас гардонидани амонати мардум ва коҳиши эътимоди мардум ба бонкҳо, аз ҷумлаи омилҳои дохилӣ дар ин замина дониста мешавад.
Инчунин БМТ гуфтааст, ки шахсият ва макони нафаронеро, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши арзи хориҷии нақд машғул шуданд, муайян карда, ба додситонии генералии кишвар пешниҳод кардааст.
Тибқи иттилои Бонки Миллӣ бар асоси маводҳои пешниҳодшуда ба мақомоти доситонӣ нисбат ба 208 нафар, аз ҷумла нисбати 159 нафар парвандаи маъмурӣ ва 49 нафар парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.
Манбаъ афзуд, ки бархе бонкҳои тиҷории кишвар низ қоидаҳои мубодилаи арзи хориҷиро нақз кардаанд, ки бар асоси камбудиҳои ошкоршуда ин бонкҳо ба маблағи наздики 400 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд.
Дар идомаи ин мавзуъ нашрияи Самак аз коршиносон суол кардааст, ки оё ҷаҳиши долларо боздоштан имкон дорад?
Зулфиқори Исмолиён таҳлилгари умури иқтисод гуфтааст, ки барои коҳиши қимати доллар воридоти арзи зиёди хориҷӣ ба Тоҷикистон зарур аст, амре ки айни замон амали кардани он хеле мушкил ба назар мерасад.
Собир Вазиров иқтисоддони тоҷик бар ин назар аст, ки далели аслии ин амр тавозуни манфии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дониста мешавад, яъне воридот аз содирот се баробар зиёдтар аст.
Аммо Абдуқодир Қарибов коршиноси умури иқтисодӣ гуфтааст, ки дар буҷаи давлати Тоҷикистон барои соли 2017 арзиши як доллар 9 сомониву 60 дирам пшбинӣ шудааст, яъне ҳодисаи коҳиши қимати сомонӣ тайи як моҳи ахир барои масъулини бахши иқтисодӣ ғайриинтизор нест.
Аз сӯи дигар ба гуфтаи ин коршинос дар шароити Тоҷикистон беқурбшавии сомонӣ барои афзоиши тавлидоти дохилӣ ва таъминоти пули буҷа метавонад кумак кунад.
Нашрияи Миллат баёнияи неруҳои марзбонии кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро дар мавриди ҳодисаи ахири кушта шудани як шаҳрванди тоҷик дар марз бо Узбакистон нашр карда, дар ин қазия марзбонони узбакро гунаҳкор донистааст.
Неруҳои марбонии Тоҷикистон дар ин изҳорот иддаои марзбонони Узбакистонро рад карданд, ки мегӯянд, як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳангоми убури ғайриқонунии марз куштанд.
Ҳодисаи мазкур рӯзи 15-уми апрел дар наздикии рустои Шулум дар ноҳияи Турсунзода ба вуқӯъ пайвастааст ва як шаҳрванди дигари Тоҷикистон захм бардоштааст.
Аз ин пештар Кумитаи марзбонии Узбекистон гуфта буд, ки Аслиддин Шоимов, шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ҳамла ба марзбонони узбекистонӣ тир хурда кушта шудааст.
Аммо дар баёнияи Раёсати марзбонии Тоҷикистон тамоми ин иддаоҳо рад шудааст. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳодиса дар чарогоҳ дар дохили Тоҷикистон соати 17:30 сурат гирифтааст.
Ба қавли марзбонони тоҷик ба қаламрави Узбекистон бурдани ҷасади Аслиддин Шоимов ва раҳо кардани ду нафари дигар бо ҳадафи пинҳон кардани “амалкарди ғайриқонунии” марзбонони кишвари ҳамсоя будааст.
Мақомоти марзбонии Тоҷикистон дар ин баёния мегӯянд, ки посбонони сарҳад аз кишвари ҳамсоя бар хилофи меъёрҳои байналмилал, созишномаҳои дутарафа ва тавофуқоти раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Узбекистон дар бораи ҳифзи дӯстиву бародарӣ амал кардаанд.
Нашрияи ёдовар мешавад, ки Тоҷикистону Узбекистон беш аз 1100 километр марзи муштарак доранд ва сарҳади байни ду кишвар дар самти Турсунзода, аксаран таъйину аломатгузорӣ шудааст.