Апрел 22, 2017 10:44 Asia/Dushanbe
  • Тибқи муқаррароти расмӣ саҳмияи истихдоми коргарони тоҷик 70 дарсад ва атбои хориҷӣ 30 дарсад аст.
    Тибқи муқаррароти расмӣ саҳмияи истихдоми коргарони тоҷик 70 дарсад ва атбои хориҷӣ 30 дарсад аст.

Ширкатҳои чинии фаъол дар бахшҳои саноат ва маъдани Тоҷикистон барои шаҳрвандони тоҷик барномаи корофаринии баландмуддат надоранд ва аксаран атбои худро ба кор мегиранд.

Ба гузориши сомонаи “Топ.тҷ”, баррасиҳо нишон медиҳад, ки ширкатҳои чинии фаъол дар Тоҷикистон ба ҳамроҳи таҷҳизот ва фановарӣ, коргарон ва мутахассисони хешро низ ворид мекунанд ва саҳми шаҳрвандони тоҷик дар ин ширкатҳо ночиз аст.

Аз ин рӯ наздик ба 90 дарсад аз муҷаввизи кор, ки солона ба атбои хориҷӣ дар Тоҷикистон эъто мешавад, ба шаҳрвандони чинӣ тааллуқ дорад.

 Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, ҳамоҳангкунандаи тарҳи “Роҳи Абрешим” дар Осиёи Маркази муътақид аст, ки бар асоси дастури давлати Тоҷикистон бояд дар тарҳҳои муштарак бо кишварҳои хориҷӣ аксари саҳмияи истихдомӣ ба коргарони тоҷик тааллуқ дошта бошад, аммо идорот ва ниҳодҳои масъул дар ин умур ин муқаррароти давлатро нодида мегиранд.

 Аз сӯйи дигар, Моёншоҳ Муҳаммадбеков, аз масъулони Вазорати кори Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир бояд бар асоси муқаррароти расмӣ дар тарҳҳои муштараки иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, саҳмияи истихдоми коргарони тоҷик 70 дарсад ва атбои хориҷӣ 30 дарсад бошад.

Вай таъкид мекунад, ки дар ҳоли ислоҳи қонуни кори Тоҷикистон ҳастанд, ки дар сурати тасвиби ин пешниҳод, саҳмияи истихдоми коргарони тоҷик 80 дарсад ва атбои хориҷӣ ба 20 дарсад хоҳад расид.

Аксари коршиносони тоҷик муътақиданд, ки давлати Тоҷикистон бояд мавзӯи истихдоми коргарони бумиро низ бар асоси созишномаи ҷадид бо ширкатҳои чинӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад. Мавзӯе, ки дар ҳалли мушкили бекорӣ дар ин кишвар аҳамияти зиёде дорад.