Апрел 22, 2017 11:29 Asia/Dushanbe
  • Дафтари муқобила бо шиканҷа дар Тоҷикистон аз хушунат нисбати  59 сарбоз дар артиш тайи 3 соли ахир хабар додааст.
    Дафтари муқобила бо шиканҷа дар Тоҷикистон аз хушунат нисбати 59 сарбоз дар артиш тайи 3 соли ахир хабар додааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми маҳкумияти як сарбоз ва ду афсари яке аз воҳидҳои низомии Вазорати дифои ин кишвар дар шаҳри Душанберо ба иллати марги сарбоз Эҳсон Элчибеков эълом кард.

Ба гузориши сомонаи Додгоҳи олии Тоҷикистон, Сайёдҷон Асоев, сарбози ин воҳиди низомӣ ба иттиҳоми хафа кардани Эҳсон Элчибеков ба 12 солу 6 моҳ зиндон маҳкум шуд.

Бар асоси ҳукми ин додгоҳ, ҳамчунин ду афсари ин воҳиди низомӣ ба номҳои Сайидмуҳаммад Саъдуллоев ва Иззатуллоҳ Аҳмадов, ҳар як ба иттиҳоми саҳлангорӣ ва бемасъулиятӣ ба 1 сол зиндон маҳкум шудаанд.

Мақомоти низомии Тоҷикистон дар моҳи феврали соли ҷорӣ ҷасади Эҳсон Элчибековро ба волидайнаш дар вилояти Бадахшон таҳвил додаанд, аммо вақте ки онҳо дар бадани фарзандашон осори зарбу шаллоқро мушоҳида карданд, бо эъломи шикояташон, иллати ин ҳодиса аз сӯйи комиссияи вижа мавриди таҳқиқ қарор гирифт.

 Ин комиссия иллати марги ин сарбозро даргирии лафзӣ бо Сайёдҷон Асоев ва хафагии вай унвон кардааст.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва муқобила бо шиканҷа, ки як созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон мебошад, аз мавриди зарбу шатм ва хушунат қарор гирифтани 59 сарбоз дар артиши ин кишвар тайи 3 соли ахир хабар додааст.

Ба гузориши ин созмон, бар асари ин ҳаводис 11 сарбоз ҷони худро аз даст додаанд.

 Коршиносон вуҷуди бадрафторӣ ва хушунат ва набуди фазои ахлоқии солим дар артиши Тоҷикистонро омили умдаи фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар унвон мекунанд.