Ҳимояти иқтисоддони тоҷик аз ҳамкорӣ бо Узбакистон
(last modified 2017-04-23T03:55:51+00:00 )
Апрел 23, 2017 08:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти иқтисоддони тоҷик аз ҳамкорӣ бо Узбакистон

Иқтисоддони мустақили тоҷик бо ҳимоят аз густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон, баргузории нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар шаҳри Душанберо ба нафъи ин ду кишвари ҳамсоя донист.

Ба гузориши хабргузории Спутник, Фирӯз Саидов имзои 18 созишномаи ҳамкорӣ миёни бозаргонони тоҷик ва узбак, дар поёни нахустини намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар шаҳри Душанберо ба маблағи 35 миллион доллар, дар таърихи равобити 25 солаи ин ду кишвар бесобиқа унвон кард.

Вай таъкид кардааст, ки дар равобити миёни Душанбе ва Тошканд, тайи солҳои ахир, ки бо коҳиши шадиди мубодилоти тиҷорӣ ба далели ихтилофоти сиёсӣ рӯ ба рӯ шуда буд, ин иқдом оғози фасли ҷадиде дар муносиботи Душанбе ва Тошканд мебошад. Зеро ба далели баста будани марзҳо, мардуми Тоҷикистон аз дастовардҳои иқтисодии Узбакистон огоҳ набуданд ва узбакҳо низ дар бораи авзои иқтисодии кишвари ҳамсояи хеш иттилоъ надоштанд.

Арзаи беш аз 1 ҳазору 500 навъ маҳсулоти саноатӣ дар намоишгоҳи Душанбе аз сӯи Узбакистон нишон дод, ки ин кишвар тайи солҳои ахир дар тавлиди худравҳо, мошинолоти кишоварзӣ, лавозими рӯзгор ва маҳсулоти петрошимӣ дастовардҳои зиёде доштааст, ки барои тоҷикҳо муҳим мебошад. Аммо нуктаи қобили мулоҳиза ин буд, ки қимати маҳсулоти саноатии Узбакистон дар муқоиса бо колои мушобеҳи бархе аз кишварҳои минтақа ба маротиб арзонтар мебошад ва аз кайфияти матлуб низ бархӯрдор аст. Ин нахустин намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар Тоҷикистон баъд аз рӯйи кор омадани Шавкат Мирзёев-раисиҷумҳури ҷадиди ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Мубодилаи тиҷорӣ миёни ду кишвар дар соли 2016 мелодӣ, тақрибан 6 баробар афзоиш ёфта ва 70 миллион долларро ташкил дод, ки 36 миллион доллар аз он ба содироти маҳсулоти тоҷикистонӣ ба Узбакистон ва 34 миллион доллар боқи монда ба воридоти маҳсулоти узбакистонӣ ба Тоҷикистон муртабит аст.