Апрел 24, 2017 09:00 Asia/Dushanbe
  • Талоши дубора барои ҳалли ихтилофи парвози ҳавопаймоҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Мақомоти Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон аз сафари ҳайате аз идораи ҳавопаймоии ин кишвар ба Русия, пас аз вақфаи 10 рӯза- дар музокироти ҷонибҳо барои поён додан ба ихтилофоти парвозӣ, миёни Душанбе ва Маскав хабар доданд.

Ба гузориши сойти Спутник, ин ҳайат имрӯз 24 апрел озими Маскав мешавад, то дар музокира бо ҳамтоёни руси худ, роҳи ҳалле барои поён додан ба буҳрони ҷадиди парвозӣ, миёни Тоҷикистон ва Русия пайдо кунанд.

Даври қаблии музокироти мақомоти вазоратхонаҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Русия дар Маскав, пас аз наздик ба як ҳафта гуфтугӯҳои ду ҷониба, бидуни натиҷа монд ва бо дархости ҷониби Душанбе барои баррасии бештари ин мавзу, 10 рӯз фурсат дода шуд.

Даври ҷадиде аз ихтилоф бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ миёни Русия ва Тоҷикистон замоне оғоз шуд, ки вазорати ҳамлу нақли Русия ба баҳонаи амал накардани Тоҷикистон ба тааҳҳудоташ дар заминаи судури муҷаввиз барои 7 парвози ширкати ҳавоии “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд, аз рӯзи 3 апрел парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Сомон Эйр”-ро мамнуъ кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон бо 4 парвози ҷадиди ширкати ҳавоии “Ямал” ба Душанбе ва Хуҷанд мувофиқат ва таъкид кардааст, ки ҷониби Русия аз ин парвозҳо суди фаровони молӣ касб мекунад, ки ба зиёни тарафи тоҷикистонӣ аст.

Ба гуфтаи мақомоти идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон, 63 дарсад аз парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон, дар инҳисори ширкатҳои ҳавопаймоии ҷониби Русия қарор дорад.

Аксари коршиносон муътақиданд, ки боло гирифтани таниш миёни Маскав ва Душанбе, бар сар ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ, сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ ин мушкилотро эҷод мекунад.