Тоҷикистон муборизаи иттилоотӣ алайҳи гурӯҳҳои ифротиро ташдид мекунад
(last modified Mon, 24 Apr 2017 13:17:28 GMT )
Апрел 24, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон муборизаи иттилоотӣ алайҳи гурӯҳҳои ифротиро ташдид мекунад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мақомоти кишварро ба омодасозии мутахассисоне муваззаф кардааст, ки дар ҷангҳои иттилоотӣ-идеологӣ тавонанд мубаллиғони қудратманди ифротгароӣ ва терроризмро шикаст диҳанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар доираи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм ва экстремизм ин дастур содир шуда ва дар он қайд шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба далели камбуди мутахассис натавонистааст, имконоти интернетро дар ҷангҳои идеологӣ-иттилоотӣ алайҳи ифротгароён пурра истифода кунад. Давлати Тоҷикистон нақша гузоштааст, ки руҳониён ва мутахассисони соҳаҳои дигарро дар интернет алайҳи ифротгароён фаъол намояд.

Абдуғаффори Камол, пажуҳишгар ва мушовири Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ки равишҳои кори ифротгароёнро дар шабакаҳои иҷтимоӣ омӯхтааст, гуфт, ифротгароён интернетро моҳирона барои пур кардани сафи худ аз ҳисоби ҷавонони тоҷик истифода мекунанд.

Вай гуфт, бахши мушкилзотарини терроризми асри 21 дар он аст, ки на танҳо шаҳру биноҳоро хароб мекунад, балки мағзу афкори фарзандони моро ҳадаф гирифтааст: Бо ин терроризм бояд муборизаи идеологӣ барем. Вақте ифротгароён аз шеваҳои бисёр наву мудерну муносибати инфиродӣ истифода мебаранд, мо бояд бо насиҳатҳои куҳнаи оммавӣ иктифо нанамоем.  

Абдуғаффори Камол барои шикасти душман дар ин мубориза барои мағзҳо, шинохти равишҳои кори ифротгароёнро муҳим медонад: Акнун барои доираҳои хориҷӣ барои тасхири кишварҳо лозим нест, ки танку тупу лашгар ирсол кунанд. Аз даруни хона дар дурдасттарин қишлоқ, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ чунон мағзшуӣ менамоянд ва афкори поки ҷавононро ба бозӣ мегиранд, ки ин фарзанд аз даруни хона чун як мухолиф сар мебардорад ва пеш аз ҳама падару наздикони худро душманони ақидавии худ мебинад.

Ба ақидаи ин пажуҳишгар, 6 омили гароиши тоҷикон ба мубаллиғони ифротӣ вуҷуд дорад. Ин омилҳо динӣ, иҷтимоӣ, ҳавою ҳаваси ҷавонӣ, эътирозу орзуҳо, шона холӣ кардан аз масъулият ва раҳоӣ аз қайду банд мебошад.