Апрел 25, 2017 18:45 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳами амалиёти террористӣ дар Русия зодаи Тоҷикистон нест

Як манбаи русӣ бо истинод ба изҳороти мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон имрӯз эълом кард, Содиқ Ортиқов, яке аз муттаҳамон дар тарроҳии амалиёти террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон набудааст.

Хабаргузории “Интерфакс” имрӯз эълом кард, дар баррасиҳои мақомоти Додситонии кулл Тоҷикистон мушаххас шудааст, ки мушаххасоти ҳувияти Ортиқов дар ҳеҷ яке аз идороти давлатӣ ва сабти ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Қӯрғонтеппа ба сабт нарсидааст.

Гуфтанист, Содиқ Ортиқов рӯзи 7 апрел дар шаҳри Маскав ба иттиҳоми нигаҳдории ғайриқонунии силоҳу муҳимот ва доштани тамосҳои телефонӣ бо Акбарҷон Ҷалилов, муттаҳами аслӣ дар ҳодисаи инфиҷори террористи дар метрои шаҳри Санкт-Петербург боздошт шудааст. Ҳамон замон манобеи русӣ ӯро зодаи шаҳри Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон муаррифӣ карда буданд.

Бар асари вуқӯи ду инфиҷор дар истгоҳи метрои шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар рӯзи 3 апрели соли 2017 дастикам 14 нафар кушта ва ҳудуди панҷоҳ нафар захмӣ шуданд.