Апрел 26, 2017 12:12 Asia/Dushanbe
  • Умедвории писари Саидов ба бозбинии парвандаи падараш

Шабакаҳои хабарӣ ва маҷозии Тоҷикистон дар лобалои боздошти шумори қобили таваҷҷуҳе аз кормандони кунунӣ ва пешини Ожонси мубориза бо фасоди молӣ, нисбат ба сарнавишти Зайд Саидов, фаъоли зиндонии иқтисодӣ ва сиёсӣ таваҷҷуҳи бештаре доштанд.

Зайд Саидов, вазири пешини саноати Тоҷикистон пас аз он ки таъсиси ҳизби сиёсии “Тоҷикистони нав”-ро эълом кард, рӯзи 19 –уми майи соли 2013 ба ҳангоми бозгашт аз Порис, дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд ва баъдан дар чанд ҳукми додгоҳӣ ба иттиҳомоти иқтисодӣ ва ахлоқӣ маҷмӯан ба 29 сол зиндон маҳкум шуд.

Яке аз бозрасони аслии парвандаи пурсарусадои Зайд Саидов, сарбозраси Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон Фирӯз Холмуродов буд, ки чанд рӯзи пеш ба иттиҳоми ришвахорӣ ва сӯиистифода аз мақоми давлатӣ боздошт шуд.

Дар ҳамин замина, бинобар гузориши сомонаи “Ахбор”, Хайруллоҳ Саидов, фарзанди бузурги Зайд Саидов дар сафҳаи фейсбукиаш боздошти Фирӯз Холмуродовро навидбахши бозбинӣ дар парвандаи Зайд Саидов ва умедворӣ ба озодии вай донистааст.

Дар чанд рӯзи ахир 17 нафар аз аз кормандони кунунӣ ва пешини Ожонси мубориза бо фасоди молӣ боздошт шуданд, ки Фирӯз Холмуродов ва Фирдавс Мирзобадалов, бозраси дигари парвандаи Зайд Саидов низ аз ҷумлаи боздоштшудагон ҳастанд.