Апрел 27, 2017 09:00 Asia/Dushanbe
  • Ироаи тарҳи хидмати ҳарбии қарордодӣ ба давлати Тоҷикистон

Вазири дифои Тоҷикистон аз ироаи тарҳи хидмати ҳарбии қарордодӣ дар артиши ин кишвар, ба давлати ин ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, генерал Шералӣ Мирзо дар маҷлиси қонунгузории ин кишвар гуфт, тарҳи хидмати ҳарбии қарордодӣ аз сӯйи Вазорати дифоъ тадвин ва барои баррасӣ ба давлат ироа шудааст ва коргурӯҳи вижае дар ҳоли омӯзиши ин пешниҳод мебошад.

Вай таъкид кард, бар асоси ин тарҳ, теъдоде аз ҷавононе ки навбати хидмати ҳарбияшон расидааст, ба ҷойи ҳузур дар воҳидҳои низомӣ дар марокиз ва муассисоти иҷтимоӣ ба муддати 2 сол фаъолият хоҳанд кард ва бахше аз ҳуқуқи ин афрод барои пардохти ҳазинаҳои бимаи иҷтимоӣ ва таъмини маоши бознишастагони Вазорати дифои Тоҷикистон сарф хоҳад шуд.

Қаблан теъдоде аз шахсиятҳои сиёсӣ ва коршиносони тоҷик ба далели фирори ҷавонони воҷиди шароити хидмати ҳарбӣ аз рафтан ба артиши миллии Тоҷикистон ба далели бад будани шароити маишатӣ, вуҷуди хушунат ва бадрафторӣ бо сарбозони тозаворид, тарҳи хидмати қарордодиро ироа карда буданд.

Бахше аз ин пешниҳодот ба хариди хидмати сарбозӣ бо пардохти маблағи мушаххас иртибот дошт.

Ин гурӯҳ муътақиданд, ки бо пардохти маблағи молӣ ба буҷаи Вазорати дифои Тоҷикистон ва судури корти муофият барои ҷавононе, ки тамоюл ба хидмати ҳарбӣ надоранд, аз ришвахории масъулини идороти ҷазби сарбозон ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

Аз дидгоҳи ин афрод, ин бахш аз даромади молӣ боястӣ ба унвони ҳуқуқ ва дастмузд ба довталабоне, ки бар асоси қарордод бо Вазорати дифои Тоҷикистон хидмат мекунанд, пардохт шавад.

Акнун ба назар мерасад, ки давлати Тоҷикистон дар ҳоли баррасии тарҳи дигаре аст, ки бар асоси он ҷавонони воҷиди шароити хидмати ҳарбӣ 2 сол дар марокиз ва мусисот иҷтимоӣ хидмат кунанд ва бахше аз ҳуқуқи ин афрод ба ҳисоби Вазорати дифои ин ҷумҳурӣ варез шавад.