Музокироти Маскав бо Душанбе барои ҳалли ихтилофи парвозӣ ҳамчунон бенатиҷа
Бо гузашти ду рӯз аз оғози даври тозае аз музокироти мақомоти вазоратхонаҳои ҳамлу нақли Русия ва Тоҷикистон барои поён додан ба ихтилофоти парвозии ахир миён ин ду кишвар дар Маскав, ҳанӯз тавофуқе ба даст наомадааст.
Ба гузориши сайти “Азия плюс”, музокироти мақомоти вазоратхонаҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Русия дар Маскав аз рӯзи 26 –уми апрел, пас аз як вақфаи 12 –рӯза, ба дархости ҷониби Душанбе аз сар гирифта шуд ва то замони интишори ин хабар ҳанӯз ҳам тарафҳо ба тавофуқ даст наёфтаанд.
Раёсати ҳайати Тоҷикистон дар ин музокиротро Шералӣ Ганҷализода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон бар ӯҳда дорад ва талош мекунад роҳи ҳалли муносибе, ки мавриди пазириши Маскав ва Душанбе барои аз саргирии парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарии ширкати “Сомон –Эйр” бошад, ироа кунад.
Ширкати “Сомон –Эйр” дар пайи мамнуияти парвозаш ба Маскав 7 парвоз дар ҳафтаро аз даст дода ва мутаҳаммили хисороти фаровоне шудааст.
Даври қаблии музокироти мақомоти вазоратхонаҳои ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Русия дар Маскав пас аз наздик ба як ҳафтаи гуфтугӯҳои дуҷониба, бидуни натиҷа монд ва бо дархости ҷониби Душанбе барои баррасии бештари ин мавзӯъ 10 рӯз фурсат дода шуд.
Аксари коршиносон муътақиданд, ки боло гирифтани таниш миёни Маскав ва Душанбе бар сари ҷадвали парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ сирфан ангезаи иқтисодӣ дорад ва манофеи молии ширкатҳои ҳавоӣ ин мушкилотро эҷод мекунад.