Беҳтарин ихтироъкори 2015-2016 Тоҷикистон интихоб шуд
Маркази миллии сабти ихтироъ ва иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, беҳтарин мухтареъи соли 2015-2016 кишварро интихоб кард.
Ба гузориши хабаргузории Авесто, ин мусобиқа ҳар ду сол якбор ба ифтихори рӯзи мухтареъон ва мубтакирони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии моликияти маънавӣ- 26 апрел баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Маркази миллии сабти ихтироъ ва иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, 50 мутақозӣ барои ширкат дар озмуни беҳтарин мухтареъи ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2016 аснод ва ихтирооти худро ироа карданд.
Бо тасмими Комиссияи озмун, Саломат Давлатшоев-муҳандиси аршади тарроҳии муассисаи таҳқиқоти "Тоҷик Энергопроект" барои ихтироъ дар бахши "равишҳои андозагирии ҳамгаромии девори сохтмонҳо дар зери замин", унвони беҳтарин мухтареъи солҳои 2015-2016-ро дарёфт кард ва медали тилло аз Созмони ҷаҳонии моликияти маънавӣ ба ӯ эҳдо шуд.
Доктор Муҳаммадҷон Сафров -мудири Маркази механизатсия ва технологияҳои инноватсионии Академияи илмҳои кишоварзӣ низ дар ин озмун, медали ифтихории Маркази миллии сабти ихтироъ ва иттилооти Тоҷикистонро дарёфт кард.
Тибқи тасмими Комиссияи ин озмун, чаҳор нафар бо номҳои Умаралӣ Раҷабов, доктори химия, профессори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, Барот Мақсудов-доктори илмҳои физика ва математика, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Маҳмадулло Саидов, узви Маркази илмии ҷумҳуриявии ҷарроҳии дил ва доктор Холназар Иброҳимов- профессори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, барои ихтирооташон аз Маркази миллии сабти ихтироъ ва иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, медал дарёфт карданд.
Ҳамчунин ба дигар ширкаткунандагон дар озмуни беҳтарин мухтареъи соли Тоҷикистон, ифтихорнома ва ҳадяҳо дода шуд.