Апрел 29, 2017 09:49 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ду мактаби муҷаҳҳаз бо технологияи ҷадидро ифтитоҳ кард.
    Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ду мактаби муҷаҳҳаз бо технологияи ҷадидро ифтитоҳ кард.

Рӯзи ҷумъаи 28-уми апрел чандин тарҳи умронӣ тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ифтитоҳ шуд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе зимни гузоштани санги бинои сохтмонҳои Додгоҳи олӣ ва Донишгоҳи улуми пизишкии Ибни Сино, ду мактаби муҷаҳҳаз бо технологияи ҷадидро ифтитоҳ кард, ки яке аз онҳо бо кӯмаки Англия бунёд шудааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе ҳамчунин озмоишгоҳи миллии “Референси”-ро ифтитоҳ карданд. Вазифаи ин озмоишгоҳ анҷоми тамоми озмоишҳои клиникӣ, биошимиёӣ, имунулужӣ, боктриолужӣ ва вирусшиносӣ аст.

Ифтитоҳи ин тарҳҳо дар пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ахиран шуморе аз мақомоти тоҷик ба иттиҳоми иртикоби қаллобӣ ва сӯиистифода аз мақоми худ боздошт ва бархе ҳам ба ҳукми додгоҳ равонаи зиндон шуданд.

Аз ҷумлаи ин афрод, Сайидшариф Анваров, раиси бахши сохтусози шаҳрдории Душанбе буд, ки ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Ҷурми вай ихтилос дар ҷараёни эҳдоси сохтмони бемористони модерни “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе будааст.