Норизоятӣ аз поёни замони афви коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия
Раиси Созмони коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия муътақид аст, ки муҳлати 30- рӯзаи таъйиншуда аз сӯйи давлати Маскав барои баррасии афви ин афрод кофӣ набуд ва ин барнома бояд ба наҳви дигаре иҷро мешуд.
Ба гузориши “Спутник”, Каромат Шарифов гуфт, натоиҷи баррасии як моҳ замон барои афви коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия аз 24-уми март то 24-уми апрели соли ҷорӣ нишон медиҳад, ки ин афрод ҳатто фурсат накарданд мадорики мавриди ниёзро ироа намоянд.
Вай таъкид кард, танҳо дар шаҳр ва вилояти Маскав 10 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ барои мавриди афв қарор гирифтан ба идороти Вазорати дохилаи Русия муроҷиа карданд, ки дар мароҳили нахуст ба онон эълом шуд, ки ҳеҷ созишномаи расмӣ дар ин замина вуҷуд надорад ва ин барнома як тавофуқи шифоҳӣ байни Тоҷикистон ва Русия будааст.
Аммо хонум Гавҳар Ҷӯраева, мудири Маркази пажӯҳишии “Қонун ва муҳоҷират” дар Русия мегӯяд, кормандони ниҳоди муҳоҷирати Русия, ки таҳти назорати Вазорати дохила фаъолият мекунанд, худ намедонистанд, ки мабнои ҳуқуқӣ ва наҳваи афви коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ чӣ гуна аст.
Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар аз Русияро 304 ҳазор нафар эълом карда ва афви ононро аз сӯйи мақомоти Русия хостор шуда буданд.
Аммо ба назар мерасад, ки мақомоти Русия бештар рӯйи расмӣ кардани ҳузури он идда аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ тамаркуз карда буданд, ки дар дохили Русия бидуни муҷаввиз кору зиндагӣ мекарданд.