Апрел 29, 2017 11:38 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон ва Русия бар сари масоили мусофирбарии ҳавоӣ ба тавофуқ расиданд

Ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон ва Русия масоили мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро ҳаллу фасл карданд.

Ба гузориши сайти “Спутник”, созмонҳои ҳавонавардии кишварии Русия ва Тоҷикистон пас аз чанд даври музокирот ва ройзаниҳо, ихтилофот бар сари мусофирбарии ҳавоӣ миёни ду кишварро ҳаллу фасл карданд ва ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои судманд барои ҳар ду тарафро идома диҳанд.

Даври охир аз музокирот миёни ҳайатҳои ҳавонавардии вазоратхонаҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия 10-уми апрел оғоз шуд, аммо пас аз ду рӯз ҳайати Тоҷикистон барои баррасии бештари мавзӯъ даҳ рӯз фурсат хост ва қарор шуд музокирот 22-юми апрел аз сар гирифта шавад ва ниҳоятан 25-уми апрел ҳайати Тоҷикистон дубора ба Маскав омад.

Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати Душанбе дар музокироти Маскав гуфт, ин музокирот бо имзои як протокол ба поён расид ва масоили парвозӣ миёни ду кишвар ҳаллу фасл шуд.

Дар ҳамин ҳол Андрей Дубров, намояндаи расмии ширкати “Ямал”-и Русия гуфтааст, ки бар асоси санади имзошуда, ширкати онҳо ҳафтае се бор ба Душанбе ва Хуҷанд парвоз хоҳад дошт ва ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон низ парвозҳояшро миёни ду кишвар анҷом медиҳад.

Аммо ҳар ду ҷониб аз ифшои ҷузъиёти тавофуқот ба дастомада худдорӣ кардаанд.

 Мавҷи нави танишҳо байни мақомоти ҳавонавардии Русия ва Тоҷикистон дар ибтидои моҳи апрел, баъд аз он пеш омад, ки Душанбе аз дархости 4 парвоз дар ҳафтаи ширкати русии “Ямал” аз фурӯдгоҳи “Жуковский” дар вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд танҳо 2 парвозро пазируфт. Душанбе ба “Ямал” пешниҳод кард, ки парвозҳои дигарашро ба Кӯлоб ва Қурғонтеппа анҷом диҳад, аммо ширкати “Ямал” ин пешниҳодро қабул накард.