Апрел 30, 2017 10:05 Asia/Dushanbe
  • Номаи модарони сарбозон ба раисиҷумҳури Тоҷикистон

23 нафар аз модарони ноҳияи Рушон аз вилояти Бадахшон, бо ирсоли номаи саргӯшода ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба унвони фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар, хостори мусоидати вай барои таҳти контроли ҷиддӣ қарор додани қисмҳои низомии артиши ин кишвар ва беҳбуди вазъи иҷтимоӣ ва маишатии сарбозон шудаанд.

Ба гузориши сойти Азия Плюс, дар ин нома таъкид шудааст, ки тайи 24 соли таъсиси Артиши миллии Тоҷикистон, 17 нафар аз ҷавонони ноҳияи Рушон бар асари хушунат, бадрафторӣ ва набуди назму инзибот дар воҳидҳои низомӣ, ҷони худро аз даст додаанд, ки ҷои нигаронӣ дорад.

Ин модарон навиштаанд, ки фарзандони мо бояд ҷони худро барои дифоъ аз 141 ҳазор километри мураббаи қаламрави Тоҷикистон ба хатар бинадозанд, ё қавли вогузории чанд метри мураббаъи заминеро, ки масъулони ҳукуматӣ ба манзури сохти хонаҳои истиқоматӣ ба волидайн дар баробари эъзоми писаронашон ба хидмати ҳарбӣ ваъда медиҳанд ва ё ба ҳадафи дафн шудан дар зери хоки сиёҳ, марги иҷбориро ба ҷон бихаранд?

Дар ин нома гуфта мешавад, ки бино бар хотироти сарбозони мурахас шуда аз Артиши миллии Тоҷикистон, дар воҳидҳои низомӣ мавориди озору азияти ҷавонони тоза ворид,  лату куби онон, гуруснагӣ ва фазои носолими ахлоқӣ ҳоким мебошад, ки мӯҷиби фирори афроди воҷиди шароити хидмати ҳарбӣ аз рафтан ба артиш мегардад. Мисоли равшани чунин бархӯрд, марги сарбоз Эҳсон Элчибеков-сокини ноҳияи Рушон мебошад, ки довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафта ва ахиран бар асари лату куби ҳамқаторонаш ҷони худро аз даст дод.

Ин дар ҳоле аст, ки Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ ва муқобила бо шиканҷа, ки як созмони ғайри давлатӣ дар Тоҷикистон мебошад, аз мавриди лату куб ва хушунат қарор гирифтани 59 сарбоз дар артиши ин кишвар, тайи 3 соли ахир хабар додааст.

Ба гузориши ин созмон бар асари ин ҳаводис, 11 сарбоз ҷони худро аз даст додаанд.

Коршиносон вуҷуди бадрафторӣ, хушунат ва набуди фазои ахлоқии солим дар артиши Тоҷикистонро, омили умдаи фирори ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ дар ин кишвар унвон мекунанд.