Ихроҷи модари тоҷике, ки се фарзандаш дар Русия монданд
Мақомоти пулиси шаҳри Екатеринбурги Русия, ба иттиҳоми нақзи қавонини иқомат, ба ихроҷи як зан аз шаҳрвандони Тоҷикистон иқдом карданд. Ин дар ҳоле аст, ки 3 фарзанди вай дар ин шаҳр бидуни сарпараст мондаанд.
Ба гузориши сойти нашрияи “Ведомости Урал”, хонум Дилдорҷон Рашидова, ки пас аз фавти шавҳараш аз соли 2004 дар Русия басар мебарад, ахиран ба далели нақзи қавонини иқомати Русия, аз сӯи пулиси шаҳри Екатеринбург ихроҷ шудааст ва 3 фарзанди вай дар ин шаҳр бидуни модар басар мебаранд. Гуфта мешавад, ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо муҷаввизи расмӣ дар яке аз ширкатҳои сохтмонсозӣ фаъолият мекард, ҳанӯз муваффақ ба дарёфти тобеияти Русия нашудааст.
Аз миёнт 3 фарзандт вай, ки 9 то 18 сол син доранд танҳо Дилбар духтари кӯчакаш, ки донишомӯзи синфи сеюм ва мутаваллиди Русия аст, тобеияти ин кишварро гирифтааст.
Мақомоти пулиси маҳаллӣ иллати ихроҷи ин шаҳрванди Тоҷикистонро поёни эътибори иқомати 3 моҳаи вай унвон мекунанд, ки мебоист қабл аз ин муддат аз қаламрави Русия хориҷ ва дубора ворид мешуд. Хонум Дилдорҷон Рашидова гумон кардааст, метавонад мавзуи тамдиди иқоматашро бидуни хурӯҷи илзомӣ аз Русия ҳал кунад.
Додгоҳ низ Дилдорҷон Рашидоваро аз Русия ихроҷ ва ба муддати 3 сол мамнуъулуруд кард. Акнун вай маҷбӯр шудааст ба хотири нигаронӣ аз сарнавишти фарзандонаш дар яке аз шаҳрҳои марзии Қазоқистон бимонад. Афроди судҷӯ низ бо ваъдаи ҳалли мушкили иқоматаш дар Русия, бо гирифтани маблағи 70 ҳазор рубл қаллобӣ кардаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки Игор Мороков- масъули дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон дар минтақаи Урали Русия, талошро барои ҳалли мушкили ҷудоии хонум Дилдорҷон Рашидова аз фарзандонашро оғоз кардааст, то битавонад заминаи ҳуқуқи бозгашти вай ба шаҳри Екатеринбургро фароҳам намояд.