Апрел 30, 2017 20:30 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон ба Алмазбек Атамбоев таслият гуфт  

Имрӯз президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев барқияи таслият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

“Алмазбек Шаршенович”

Дар Тоҷикистон хабари фаромадани ярч дар вилояти Оши Қирғизистони дӯстро, ки боиси талафоти одамон гашт, бо эҳсоси андӯҳи амиқ дарёфтанд.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи таслияти худ дар идома гуфтааст: “Хоҳишмандам тасаллиёти амиқи моро ба наздикону пайвандони дар натиҷаи ин фоҷиа ҳолокшуда расонед. Ба тамоми нафарони осебдида шифои комил таманно дорем”.