Май 01, 2017 09:08 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии тавони низомии артиши Тоҷикистон

Созмони байналмилалии “Global firepower index”, арзёбии ҷадиди худро дар бораи тавони низомии 127 кишвари ҷаҳон дар соли ҷорӣ мунташир кард, ки Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар ҷойгоҳи 112 қарор гирифтааст.

Ба гузориши соийти “Global firepower index”, Тоҷикистон дар ин арзёбӣ дар мақоми охир, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифта ва дар муқоиса бо соли қабл аз ҷойгоҳи 81 ба раддаи 112 дар соли ҷорӣ суқут кардааст.

Гузориши ин арзёбӣ бар асоси 50 шохис тадвин мешавад, ки шомили мизони буҷаи низомӣ, теъдод ва анвоъи таслиҳот, сатҳи омодагии размӣ, зарфияти саноеи дифоӣ ва шумори шаҳрвандони воҷиди шароити хидмати ҳарбӣ мешавад.

Бар ин асос, мизони буҷаи низомии солиёнаи Тоҷикистон 75 миллион доллар, теъдод низомёни артиши ин кишвар 6 ҳазор нафар ва таҷҳизоти он 37 тонк, 46 худрави зиреҳӣ, 25 ҳавопаймо, аз ҷумла 15 ҳавопаймои ҳамлу нақл, 20 болгард аз ҷумла 6 болгарди таҳоҷумӣ, 10 воҳиди тӯпхона ва 3 системаи падофанди ҳавоӣ эълом шудааст.  

Дар ин раддабандӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Узбакистон дар ҷойгоҳм 48, Қазоқистон 53, Туркманистон 84 ва Қирғизистон 109 ҷаҳонӣ қарор гирифтаанд.

Дар ин раддабандӣ Амрико, Русия ва Чин ҷойгоҳи аввал то сеюми ҷаҳониро ба худ ихтисос додаанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишваре ҳастанд, ки дар пайи фурӯпошии Шӯравӣ, натавонистанд саҳми худро аз мероси низомии ин кишвар ба даст оваранд.

Русия дар соли 2012 ба думболи тамдиди созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201 артиши худ дар қаламрави Тоҷикистон то соли 2042, ваъдаи таҷҳизи артиши ин кишвар бо таслиҳоти ҷадидро дода буд, ки то ба ҳол ин қавл иҷроӣ нашудааст.