Май 01, 2017 10:14 Asia/Dushanbe
  • Як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Маскав боздошт шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи “Внуково” -и Маскав ба хотири ҳамли як қуттӣ борут, чанд гулӯлаи тӯфанги шикорӣ ва миқдоре сочма боздошт шуд.

Ба гузориши хабаргузории русии “Интерфакс”, кормандони бахши амнияти фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав ҳангоми бозрасии бори ин шаҳрванди Тоҷикистон тавассути сагҳои омӯзишдида аз миёни васоили ӯ як қуттӣ борут, чанд гулӯлаи тӯфанги шикорӣ ва миқдоре сочма кашф кардаанд.

Мақомоти амниятии фурудгоҳи “Внуково”-и шаҳри Маскав пас аз кашфу забти ин васоил шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва ба иттиҳоми ҳамли ғайримуҷози муҳиммоту гулӯла таҳвили пулис додаанд. Бар асоси ин гузориш, ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфтааст, қасд доштааст, бо интиқоли як қуттӣ борут, чанд гулӯлаи тӯфанги шикорӣ ва миқдоре сочма ба Тоҷикистон ба шикор машғул шавад.

Қавонини Русия интиқоли ҳар навъ мавод ва силоҳу муҳимотро танҳо дар сурати доштани муҷаввиз ва бо иттилои қаблӣ ба мақомоти фурудгоҳ дар сафарҳои ҳавоӣ имконпазир медонад.

Дар пайи вуқӯи инфиҷори террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербург дар таърихи 3-юми апрели соли ҷорӣ, ки мунҷар ба кушта шудани 16 нафар ва захмӣ шудани беш аз 50 тан шуд, бо муттаҳам намудани як шаҳрванди Қирғизистон дар ин ҳодиса тадобири шадиди амниятӣ дар тамоми фурудгоҳҳо, хутути метро, бандарҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва терминалҳои мусофирбарии Русия иттихоз шудааст.