Май 02, 2017 16:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони умури хориҷии Тоҷикистон ва Ҷопон ба тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Ҷопон ба тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ дар давраи раёсати Душанбе бар иҷлос ба гуфтугӯи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон барои солҳои 2017- 2018 таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сироҷиддин Аслов ва Фомио Кешидо рӯзи душанбе дар дидор бо якдигар дар ҳошияи шашумин иҷлоси «Осиёи Марказӣ+Ҷопон» дар Ашқободи Туркманистон густурдатар шудани ҳамкориҳои амалии ду кишвар дар заминаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, саноат, энержӣ ва фарҳангро зарурӣ донистанд.

Ду тараф нақши Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ, фаннӣ ва илмии Тоҷикистону Ҷопонро, ки аввалин ҷаласаи он 14 апрели имсол дар Токио баргузор шуд, дар тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар бисёр муҳим арзёбӣ карданд. Вазирони умури хориҷии Ҷопон ва Тоҷикистон ҳамчунин аз фаъолияти Ожонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон барои густариши равобит бо Тоҷикистон қадрдонӣ карданд.

Шашумин иҷлоси “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” рӯзи душанбе бо ҳузури вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ашқобод, пойтахти Туркманистон баргузор шуд. Соли 2014 Бишкеки Қирғизистон мизбони ин иҷлос буд.