Май 03, 2017 09:03 Asia/Dushanbe
  • Аллоҳмуродов таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳҳои террористии “Ошиқони ҷаннат” ва “Аттавҳид валҷиҳод” ба Сурия рафтааст.
    Аллоҳмуродов таҳти таъсири таблиғоти гурӯҳҳои террористии “Ошиқони ҷаннат” ва “Аттавҳид валҷиҳод” ба Сурия рафтааст.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои Сурия ва узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ба 14 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ахиран Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе А. Аллоҳмуродов, шаҳрванди ин кишварро ба иттиҳоми ҳузури 50 рӯза дар даргириҳои Сурия дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ ба 14 соли зиндон бо низоми сахт маҳкум кард.

Бар асоси ин гузориш, А. Аллоҳмуродов, ки ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия фаъолият мекард, дар ин кишвар бо аъзои гурӯҳҳои террористии “Ошиқони ҷаннат” ва “Аттавҳид валҷиҳод” ошно шуда ва таҳти таъсири таблиғоти онон тасмим гирифтааст ба Сурия биравад. Вай барои ин манзур ба Тоҷикистон омада ва бо ҳавопаймои масири Душанбе – Истамбул вориди Туркия шудааст.

 Аллоҳмуродов наздик ба 50 рӯз дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия дар даргирӣ бо артиши ин кишвар мушорикат кардааст.

 Вай пас аз ин муддат, замоне ки тасмим ба бозгашт ба Туркия гирифт, ҳангоми вуруд ба қаламрави ин кишвар дар марз бо Сурия аз сӯйи кормандони амнияти Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон мунтақил шудааст.

 Ба гуфтаи мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон 1 ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандон ин кишвар дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки беш аз 200 тан аз онон дар даргириҳои ин ду кишвари арабӣ кушта шудаанд.