Май 03, 2017 09:50 Asia/Dushanbe
  • Сабабу омилҳои касрии будҷаи давлати Тоҷикистон ва паёмадҳои он

Иқтисоддони тоҷик муътақид аст, яке аз иллатҳои умдаи касрии будҷаи давлати Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ илова бар омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ, коҳиши воридот ва пойин омадани қудрати хариди мардуми ин кишвар будааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, Раҳим Каримов бо ишора ба касри 145 миллион-сомонии бахши даромади будҷаи давлати Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ гуфт, яке аз авомили умдаи ин раванд коҳиши қудрати хариди мардум, кам шудани тақозо барои маҳсулоти воридотӣ ва номутавозин будани тарози тиҷорати хориҷии ин кишвар ба нафъи воридот мебошад.

Вай таъкид мекунад, ки дар бозори масрафи Тоҷикистон ба ғайр аз маҳсулоти кишоварзӣ, бақияи колоҳо ва маҳсулоти воридотӣ ҳастанд, ки дар пайи коҳиши қудрати хариди мардум тақозо низ пойин омада ва бахши драмади будҷаи давлат ҳамонанди 2 соли қабл бо камбуд рӯбарӯ шудааст. Ҳатто бар асоси дастури давлати Тоҷикистон, ба далели буҳрони молии 3 соли ахир, идороти давлатӣ муваззаф шудаанд, ки аз хариди худравҳои хидматӣ, таҷҳизот ва мебел худдорӣ кунанд ва масрафи сӯхт ва манобеи энержиро низ коҳиш диҳанд. Бар ин асос, ҳаҷми умумии даромади будҷаи давлати Тоҷикистон тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ 4 миллиарду 862 миллион сомонӣ эълом шуда, ки наздик ба 3 дарсад камтар аз маблағи барномарезишуда будааст. Дар ҳоле ки мебоист дар ин муддат бахши даромади будҷаи давлати Тоҷикистон ба 5 миллиарду 7 миллион сомонӣ мерасид.

Аз сӯйи дигар, мақомоти Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон мегӯянд, ки мизони воридот низ дар муқоиса бо 2 соли қабл коҳиш ёфтааст, ки ин амр муҷиби кам шудани пардохтҳо ва камбуди бахши даромади будҷаи давлат мешавад.

 Ин дар ҳолест, ки ба гузориши Ожонси давлатии омори Тоҷикистон, тайи 3 моҳи нахусти соли ҷорӣ ҳаҷми воридот ба ин кишвар19, 4 дарсад ё ба мизони 131 миллиону 700 ҳазор доллар дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл коҳиш ёфтааст.

Ҳамчунин дар соли 2016 Тоҷикистон моҳона ба маблағи 250 миллион доллар маҳсулот ворид мекард, ки ин шохис дар соли ҷорӣ бо коҳиши 69 миллиондолларӣ, ба 181 миллион доллар расидааст.