Май 03, 2017 12:31 Asia/Dushanbe
  • Заминларза дар Тоҷикистон

Расонаҳои интернетии фаъол дар сатҳи минтақаи Осиёи Миёна лаҳазоте қабл аз вуқӯи заминларзаи нисбатан қавӣ дар қаламрави кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон хабар доданд.

Ин заминларза соати 9:47 дақиқаи субҳи имрӯз, саввуми май ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Сайти “СА -нюз” дар ҳамин замина бо истинод ба марокизи зилзиланигории аврупоӣ навишт, қудрати заминларза дар Тоҷикистон ва дар умқи 2 километрии замин 5,7 дараҷаи риштер будааст.

Гуфта мешавад, маркази заминларза 358 километрии Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ва 186 километрии шаҳри Ӯш, дар ҷануби Қирғизистон гузориш шудааст.

Ҳанӯз аз мизони хисорат ва талафоти эҳтимолии ин заминларза гузорише мунташир нашудааст.