Май 03, 2017 13:31 Asia/Dushanbe
  • Аз байн бурдани доруҳои тақаллубӣ дар Хатлон

Мақомоти идораи хадамоти доруии вилояти Хатлони Тоҷикистон аз кашф, мусодира ва аз байн бурдани теъдоди қобили таваҷҷуҳе дору ва маводи доруии тақаллубӣ дар қаламрави ин вилоят хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ховар”, ин мақомот эълом карданд, дар се моҳи нахусти соли 2017 дар ҳузури як комиссияи вижа ва намояндагони расонаҳо, 27 ҳазор 691 баста дору ва маводи доруии таърихи масрафаш гузашта аз байн бурда шуда, ки аз ин теъдод беш аз 207 тои он дору бидуни муҷаввиз тавлид ва фурӯш будааст.

 Бар асоси ин гузориш, дар ростои бархурд бо қонуншиканҳои бахши дору ва беҳдошти Хатлон ба 30 нафар аз афроди масъул ҳушдор дода шуд. Ҷаримаи молии дар назар гирифташуда низ ба мизони 58 ҳазору 750 сомонӣ будааст.

Дар ҳамин замина огоҳони умур мегӯянд, бахши беҳдошт аз ҷумлаи бахшҳои фасодзадаи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Ба тавре ки мураттабан аз ифшои тахаллуфоти корӣ ва суиистифодаҳои молӣ ва ахлоқии кормандони бахши беҳдошти Тоҷикистон матолибе мунташир мешавад.