Кумаки Бонки рушди Олмон ба Тоҷикистон
(last modified Thu, 04 May 2017 14:54:21 GMT )
Май 04, 2017 19:54 Asia/Dushanbe
  • Кумаки Бонки рушди Олмон ба Тоҷикистон

Бонки рушди Олмон ба бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории Тоҷикистон, 7 миллион евро кӯмак мекунад.

Ба гузориши сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, ин созишнома ахиран аз сӯи Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, хонум Кристин Лаабс, мудири дафтари намояндагии ин бонк олмонӣ, дар Душанбе ва намояндагони марокизи молии ин кишвар имзо шуд.

Ҳадаф аз ихтисоси кӯмаки молии 7 миллион евроии Бонки рушди Олмон ба бонкҳо ва мусисоти молӣ ва эътибории Тоҷикистон, сармоягузорӣ барои марҳалаи дуввуми барномаи сохти манзил эълом шудааст.

Бар асоси ин барнома, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ин маблағро ба мизони 1 миллиону 250 ҳазор евро дар ихтиёри чанд бонк ва муссисоти молӣ ва эътибории ин кишвар, ки барои иҷрои тарҳи сохти манозили маскунӣ сармоягузорӣ мекунанд, қарор хоҳад дод.

Аммо яке аз шартҳои муҳимми Бонки рушди Олмон барои вогузарии ин кӯмаки молӣ ба бонкҳо ва мусисоти молӣ ва эътибории Тоҷикистон, поин овардани мизони суд бонкии қарзҳо ба ширкатҳои сохтмонсозӣ ва бахши хусусӣ аст.

Аз дидгоҳи мудири дафтари намояндагии Бонки рушди Олмон, ин иқдом мӯҷиби ташвиқи ин ширкатҳо ва бахши хусусӣ барои мушорикати фаъолтари онон дар иҷрои барномаи таъмини манозили маскунии арзон дар манотиқи деҳотии Тоҷикистон хоҳад шуд.