Май 04, 2017 20:20 Asia/Dushanbe
  • Орумбекзода: Тармиму бозсозии шаҳраки қадимаи Саразм ба кундӣ пеш меравад

Вазири фарҳанги Тоҷикистон мегуяд, ки ба далели камбуди молӣ корҳои тармиму бозсозӣ дар шаҳраки қадимаи Саразм дар шимоли ин кишвар қатъ шудааст.

Шамсиддин Орумбекзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи ахири МН парлумони Тоҷикистон гуфт, ки амалисозии барномаи давлатии ҳифзи  мероси таърихӣ ва фарҳангӣ, ки ҳануз соли 2012 тасвиб шуда буд, ба далели камбуди сармоягузорӣ ба кундӣ пеш меравад.

Аз ҷумла ба гуфтаи вай ба ин далел айни замон тамоми корҳо дар  заминаи таъмиру бозсозии ёдгориҳои таърихӣ дар шаҳраки Саразм боздошта шудааст.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид кард, ки дар чаҳорчуби барномаи мазкур қарор буд то соли 2020 64 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шавад, аммо то пойни соли гузашта танҳо 17 дар сади ин маблағ ҷудо шудааст.  Вай дар ин замина гуфт: САДО

Дар ҳамин ҳол Шукурҷон Зуҳуров раиси МН парлумони Тоҷикистон аз масъулин талаб кард, ки дар масъалаи ҳифз ва тармиму бозсозии ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ дар ин кишвар камтаваҷуҳӣ накунанд.

Гуфтанист ёдгории таърихии Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқов кашф гардидааст. Ин ёдгорӣ дар 15 километрии ғарби шаҳри Панҷакент ва 45 километрии шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст.

Ба гуфтаи бостоншиносон, шуруъ аз авохири ҳазораи IV-уми қабл  аз милод шаҳри Саразм ба яке аз марказҳои ҳунармандии минтақаи Осиёи Марказӣ табдил шуда буд.

Дар соли 2001 бо қарори  ҲТ шаҳраки қадимаи Саразм, ки таърихи беш аз 5 ҳазорсола дорад, ба унвони маркази ташакули фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнуъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълом шуд.

Бояд гуфт, ки шаҳраки қадимаи Саразм дар соли 2010 аз сӯи созмони маориф, илм ва фарҳанги СММ ё худ юнеско ба феҳристи мероси ғайримодии ҷаҳон шомил карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар аввали соли ҷорӣ Вазорати фарҳанги Тоҷикистон феҳристи нави ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ин кишварро таҳия кард, ки  ба ин  рӯйхат 3047 ёдгорӣ ворид карда шудааст.

Шаҳраки Саразм, қалъаҳои Ҳисору Ҳулбук, қалъаи кӯҳнаи Хуҷанд, овори шаҳрҳои бостонӣ дар Тахти Сангин ва Панҷакенту Шаҳристон, мақбараи Ҳамадонӣ дар Кӯлоб, маъбади буддоӣ дар Аҷинатеппа, дижҳои бостонӣ дар Бадахшон, ва шаҳракаи тоза кашфшудаи Карон дар Дарвоз, аз ҷумлаи муҳимтарин ёдгориҳои таърихӣ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯза маҳсуб мешаванд.