Май 05, 2017 18:25 Asia/Dushanbe
  • Зилзила 5.9-дараҷаӣ Тоҷикистонро ларзонд

Маркази зилзилагиронии Тоҷикистон дар гузорише эълом кард, заминларзае бо бурзургии 5.9 дараҷа соати 10:09 дақиқаи субҳи имрӯз бахшҳое аз Тоҷикистонро ларзондааст.

Маркази зилзиланигории Тоҷикистон дар ин замина гуфт, шиддати заминларза дар шаҳри Душанбе 5.9 дараҷа будааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, маркази заминларза минтақаи Қаракенҷаи ноҳияи Лахши Тоҷикистон, дар марз бо Қирғизистон будааст.

То кунун дар хусуси хисороти ҷонӣ ва молии ин заминларза гузориш мунташир нашудааст.