Май 05, 2017 19:01 Asia/Dushanbe
  • Маскав фармони афви 102 ҳазор муҳоҷири тоҷикро содир кард

Саранҷом Русия фармони афви муҳоҷирини кории тоҷикро содир кард.

Вазорати муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз дар иттилоияе эълом кард, теъдоди зиёде аз муҳоҷирони кории мамнӯъ-ул-вуруди ин кишвар пас аз ройзаниҳои суратгирифта, саранҷом иҷозаи сафар ба қаламрави Русияро ба даст оварданд.

Дар ин гузориш омадааст, таҳияи рӯйхати муҳоҷирони кории тоҷик, ки тайи як моҳ идома дошт, дар натиҷа, 102 ҳазор нафар, ки ба далоили нақзи қавонини будубоши Русия аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Вазорати муҳоҷират ва иштиғол дар бахши дигаре аз гузориши худ бо мусбат арзёбӣ кардани натоиҷи музокироти мақомоти ду кишвар дар ин хусус гуфт, идома раванди ройзанӣ дар хусуси афви ҳамаи муҳоҷирони корӣ дар дастури кор қарор гирифтааст, аммо ин имкон низ вуҷуд дорад, ки пазируфта нашавад.

 Коршиносон бар ин боваранд, ки афви кулли 200 ҳазор муҳоҷири корӣ дар замони боқимонда амри мушкил аст ва ҷалби мувофиқати Русия бисёр сахт хоҳад буд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 90 ҳазор муҳоҷири кории дигари тоҷик, ки бинобар нақзи қавонини мухталиф аз маҳдудаи Русия барои чанд сол ихроҷ шудаанд, ҳамчунон боқӣ мондааст. Ин тасмими Русия дар ҳолест, ки чанде пеш Игор Шувалов, муовини нахуствазири Русия дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар Тоҷикистон гуфта буд, он муҳоҷирони кории тоҷик, ки муртакиби қонуншиканиҳои ҷиддӣ нашудаанд, афв мешаванд.