Май 06, 2017 09:04 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар байни 10 кишвари узви ИДМ бо 127 доллар маоши моҳонаи шаҳрвандонаш, дар раддаи пойин қарор гирифтааст.
    Тоҷикистон дар байни 10 кишвари узви ИДМ бо 127 доллар маоши моҳонаи шаҳрвандонаш, дар раддаи пойин қарор гирифтааст.

Кумитаи байнидавлатии омори кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) миёнгини мизони маошу дастмузди моҳонаи шаҳрвандони ҷумҳуриҳои қаламрави пасошӯравиро дар соли 2017 мунташир кард, ки Тоҷикистон дар пойинтарин радда қарор дорад.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи байнидавлатии омори кишварҳои узви ИДМ, Тоҷикистон дар байни 10 кишвари узви ин иттиҳод бо 127 доллар маоши моҳонаи шаҳрвандонаш, дар раддаи пойин қарор гирифтааст.

Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қазоқистон бо 430 доллар маоши моҳонаи шаҳрвандонаш дар раддаи нахуст ва пас аз Русия дар миёни кишварҳои узви ИДМ дар мақоми дувум қарор гирифтааст.

Миёнгини мизони иаоши моҳонаи шаҳрвандон дар Ӯзбакистон 250 ва Қирғизистон 201 доллар эълом шудааст.

Дар Русия ин шохис 660 доллар аст, ки болотарин мизони маошу дастмузди моҳонаи шаҳрвандон дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ба ҳисоб меояд.

Бар ин асос, миёнгини мизони маоши моҳона дар Беларус 412 доллар, Арманистон 365 доллар, ҷумҳурии Озарбойҷон 290 доллар, Молдова 270 доллар ва Украина 250 доллар мебошад.