Толибон марзи Тоҷикистонро таҳдид нахоҳад кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i16722-Толибон_марзи_Тоҷикистонро_таҳдид_нахоҳад_кард
Коршиноси руси масоили минтақа муътақид аст, ки гурӯҳи Толибон марзҳои Тоҷикистонро дар вилояти Бадахшони ин кишвар таҳдид нахоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 06, 2017 05:46 Asia/Dushanbe
  • Андрей Серенко: Толибон ба марзи Тоҷикистон ҳамла нахоҳад кард.
    Андрей Серенко: Толибон ба марзи Тоҷикистон ҳамла нахоҳад кард.

Коршиноси руси масоили минтақа муътақид аст, ки гурӯҳи Толибон марзҳои Тоҷикистонро дар вилояти Бадахшони ин кишвар таҳдид нахоҳад кард.

Ба гузориши “Спутник”, Андрей Серенко бо ишора ба ташдиди тадобири амниятӣ дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон тайи рӯзҳои ахир ба далели афзоиши таҳаррукоти гурӯҳи Толибон гуфтааст, ин гурӯҳ ба марзи Тоҷикистон ҳамла нахоҳад кард.

 Вай таъкид кардааст, ки ишғоли ноҳияи Зебок аз сӯйи гурӯҳи Толибон ва наздикии онон ба марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба маънии таҳаввулоти муҳим дар даргириҳои миёни ин гурӯҳ ва нерӯҳои давлати Кобул дар вилояти Бадахшони Афғонистон нест. Зеро қаблан низ борҳо ин иттифоқ афтода буд, ки гурӯҳи Толибон минтақае дар Афғонистонро ишғол кунад ва баъд таҳти фишори артиши ин кишвар ақибнишинӣ кунад. Аз ин рӯ, иқдоми ахири Толибон дар вилояти Бадахшони Афғонистон низ ба маънии худнамоӣ ва ба рух кашидани қудрати худ ба давлати Кобул аст ва дар гузашта низ ҳеҷгоҳ ин гурӯҳ ба таври мустақим ба марзи Тоҷикстон таарруз накардааст.

Ҳарчанд, ки артиши миллии Афғонистон низ бо мушкилоте назири фасоди молӣ, камбуди нерӯи размӣ ва заъфи тактика рӯбарӯст, аммо гурӯҳи Толибон ва ДИИШ тайи 2 соли ахир натавонистаанд дар набард бо нерӯҳои давлатии ин кишвар пирӯзии чашмгире ба даст оваранд.

 Ин дар ҳоле аст, ки дафтари марказии созмонм “Салиби сурхи ҷаҳонӣ” аз ирсоли дору ва таҷҳизот ба бемористони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Тоҷикистон барои кӯмак ба маҷрӯҳони даргириҳои эҳтимолӣ миёни гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои давлати Кобул хабар додааст.

Қаблан Шариф Сафоев, як сокини ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон гуфта буд, ки аз 7 низомии захмии афғонистонӣ, ки дар бемористони ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон таҳти дармон буданд, як нафар фавт карда ва як тани дигар барои анҷоми амали ҷарроҳӣ ба бемористони шаҳри Хоруғ. маркази ин вилоят мунтақил шудааст.