Май 08, 2017 09:51 Asia/Dushanbe
  • Эъломи номи ду тоҷики кушта шуда дар Русия

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия пас аз 19 рӯз, номи ду шаҳрванди ин кишварро, ки тайи амалиёти кормандони Хадамоти амнияти федералии Русия кушта шудаанд, эълом карданд.

Ба гузориши сойти Ахбор, Каримҷон Ёров, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русия, гуфтааст, ки бо талоши ин созмонҳо мушаххас шуд ном ин ду бародари 26 ва 30 солаи кушта шуда, Ибодулло ва Шарифхон Бозоров, сокинони Саримайдони ноҳияи Мӯъминободи минтақаи Кӯлоб будаанд.

Хадамоти амнияти федерали Русия, рӯзи 19 апрели гузашта эълом карда буд, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон дар амалиёти зидди террористии кормандони ин ниҳод, дар вилояти Владимир ба иттиҳоми муқовамати мусаллаҳона кушта шудаанд.

Дар ин иттилоя таъкид шудааст, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон бо гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ иртибот дошта ва талош мекарданд, дар қаламрави Русия даст ба иқдомоти тахрибкорона бизананд.

Ба иддаои ин мақомот дар маҳалли зисти ин ду шаҳрванди Тоҷикистон, автомати АК-74 ва як пистолети Макаров ва муҳимоти ҷангӣ пайдо шудааст.

На мақомоти амниятии Русия ва на вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон, номи ду шаҳрванди кушта шударо эълом накардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин ду бародар нигаҳбони манзили шаҳрвандони Русия буда, аз дидгоҳи созмонҳои мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои террористӣ надоштаанд ва иттиҳоми мақомоти амниятии Русия алайҳ онон, машкук аст.

 

Барчасп