Интишори номҳои 313 донишҷӯи ронандаи мутахаллиф дар Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иқдом ба интишори номи 313 донишҷӯи донишгоҳҳои ин ҷумҳурӣ кардааст, ки мутахаллифони муқаррароти ронандагӣ мебошанд ва набояд пушти фармони мошин бинишинанд.
Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, пас аз интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ронандагии фарзандони донишҷӯи мақомоти аршади ҳукуматӣ, акнун номи 313 нафар аз ин афрод ба унвони мутахаллифони муқаррароти ронандагӣ мунташир шудааст.
Иттиҳоми умдаи ин донишҷӯён, ки ба марокизи омӯзишӣ бо мошинҳои гаронбаҳо меоянд, гуфтугӯ ҳангоми ронандагӣ, набастани камарбанди эминӣ, суръати ғайри муҷоз ва надоштани мадорик барои рондани мошин эълом шудааст.
Аммо нуктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки дар миёни ин 313 нафар тақрибан асомии фарзандони мақомоти аршади давлатӣ мушоҳида намешавад ва дар банди марбут ба шуғли волидайни онон, аксаран афроди бекор ва ё коргари муҳоҷир дар Русия муаррифӣ шудаанд. Ин дар ҳоле аст, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои ҳукумат, вакилони порлумон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.”