Узбакистон чупони тоҷикро озод кард
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i1684-Узбакистон_чупони_тоҷикро_озод_кард
Марзбонони Узбакистон як шаҳрванди тоҷикро, ки 45 рӯз қабл ба иллати вуруди ғайримуҷоз ба қаламрави ин кишвар ба зарби гулула маҷруҳ ва ба боздоштгоҳ мунтақил карда буданд, озод карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 08, 2016 04:53 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон чупони тоҷикро озод кард

Марзбонони Узбакистон як шаҳрванди тоҷикро, ки 45 рӯз қабл ба иллати вуруди ғайримуҷоз ба қаламрави ин кишвар ба зарби гулула маҷруҳ ва ба боздоштгоҳ мунтақил карда буданд, озод карданд.

Ба иттилои сайти нерӯи марзбонии Тоҷикистон, Ҳайдар Қӯзиев, сокини ноҳияи Конибодом дар вилояти Суғд 45 рӯз қабл аз сӯи марзбонони Узбакистон ҳангоми чаронидани рамаи гусфандон ба баҳонаи вуруди ғайримуҷоз ба қаламрави вилояти Қӯқанд маҷруҳ ва боздошт шуда буд, ба марзбонони тоҷик таҳвил дода шуд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикикстон мегӯянд, ки ин ҳодиса дар минтақаи марзии муштараки ин кишвар бо Узбакистон, ки ҳануз аломатгузорӣ нашуда, рух додааст.

Ба гуфтаи мақомоти марзбонии Тоҷикистон, Узбакистон то ба ҳол дар марзи муштараки худ бо ин кишвар дар минтақаи мавриди ихтилоф, аломати тафкики манотиқи марзиро насб накарда ва ин мавзуъ муҷиби вуруди иштибоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба дохили қаламрави кишвари ҳамсоя шудааст.

Дар як соли ахир ин дуввумин бор аст, ки марзбонони узбак ба баҳонаи вуруди ғайримуҷози шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави кишварашон иқдом ба тирандозӣ ва боздошти ин афрод мекунанд.

Тобистони соли қабл низ марзбонони узбак 2 сокини ноҳияи Конибодомро ба баҳонаи вуруди ғайримуҷоз ба қаламрави ин кишвар захмӣ ва боздошт карда буданд, ки пас аз музокироти дуҷониба озод шуданд.