Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 09 May 2017 04:12:16 GMT )
Май 09, 2017 09:12 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, дар тағйироти кадрии нави худ, дар низоми додгоҳӣ, дастгоҳи президент, Вазорати мудофиа ва Кумитаи радио ва телевизион як силсила тағйироти кадрӣ ба амал овард.

Ба иттилои сайти раисҷумҳури Тоҷикистон, Маҳмадсаид Алимардон Шоҳиён аз мақоми муовири раиси Суди олии иқтисодӣ, Ховар Нурмуҳаммад Назарзода аз мақоми судяи Суди олии иқтисодӣ, Исмоил Раҳимзода аз мақоми судяи Суди олии иқтисодӣ, Сӯҳроб Саид аз мақоми раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, Мансур Қаландарзода аз мақоми судяи суди иқтисодии Хатлон, Ҷалолиддини Азиз аз мақоми судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Зокирҷон Аминзода аз мақоми раиси суди шаҳри Панҷакент озод шуданд.

Аммо дар таъиноти нави кадрӣ, Азизбек Хайриддинзода, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, Зафар Азиззода, судяи Суди олӣ, Зокирҷон Аминзода, муовини раиси Суди олии иқтисодӣ, Сӯҳроб Саид, судяи Суди олии иқтисодӣ, Мансур Қаландарзода, судяи Суди олии иқтисодӣ, Ҷалолиддин Азизӣ, судяи Суди олии иқтисодӣ ва Нурулло Бадалзода, судяи Суди олии иқтисодӣ таъин шуданд.

Ҳамчунин бо амрҳои раисиҷумҳур Дилшод Абдуғаффорович Исматуллоев муовини раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент, Абдуҷаббор Сатторзода сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсон, Бобишо Холзода сардори Раёсати кишоварзӣ, Ҳусейн Давлатзода сардори Раёсати коргузорӣ ва назорат, Нодир Мирзоиён сардори Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва мухобиротии дастгоҳи президент таъйин шуданд. Зафар Сафарализода сардори шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Иброҳим Пирназарзода мудири бахши кадрҳои дастгоҳи президент таъин гардидаанд.

Дар зимн, бо қарорҳои ҳукумат муовини аввал ва муовини раиси Кумитаи радио ва телевизион ва мудири киностудияи "Тоҷикфилм” нав шудаанд.