Май 10, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Терроризм - баҳонаи саркӯби мухолифон дар Осиёи Марказӣ

Коршиноси тоҷики масоили сиёсӣ бар ин бовар аст, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, терроризм ба баҳонае барои саркӯби мухолифони низомҳои ҳоким табдил шудааст.

Ба гузориши сайти “Фарғона”, Шоҳдавлат Шоҳнусайриев гуфт, дар шароити феълӣ асли баҳси терроризму ифротигарӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон воридотӣ аст, ки маҳофили душман бо ҷаҳони Ислом ин тарҳро ироа мекунанд ва бархе низомҳои ҳоким дар минтақа низ ин мавзӯро баҳонае барои саркӯби мухолифони хеш қарор медиҳанд. Албатта касе вуҷуди мухолифони сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро инкор намекунад. Аммо доман задан ба мавзӯи терроризму ифротигарӣ ба нафъи низомҳои ҳоким аст, ки бо ин баҳона бо ҷазби кӯмакҳои моливу таслеҳотии хориҷӣ қасди эҷоди фазои тарсу даҳшат барои мухолифони худро доранд то зимоми қудрат дар дасташон боқӣ бимонад.

Аз дидгоҳи вай, дар Тоҷикистон ҳеч заминае барои рушди тафаккуроти террористиву ифротигарӣ вуҷуд надорад ва аксари ҷавононе ки ба гурӯҳи ДИИШ пайвастаанд, коргарони муҳоҷири ин кишвар дар Русия будаанд, ки ё ҷойи кору маоши кофӣ надоштаанд ё ба ваъдаҳои дурӯғини мубаллиғони ин созмони такфирӣ бовар кардаанд.

Ба гуфтаи Шоҳдавлат Шоҳнусайриев, яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз пайвастани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои террористиву ифротӣ, корофаринӣ барои ин афрод дар дохили Тоҷикистон аст то заминаи ҳузури онон дар кишварашон ва гирифтор нашудан дар доми фиреби гурӯҳи ДИИШ-ро фароҳам созад.

 Бар асоси гузориши Додситонии кулли Тоҷикистон беш аз 1 ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ ҳузур доранд, ки 300 тан аз онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд ва аксаран аз Русия ба ин ду кишвари арабӣ рафтаанд.