Тавзеҳи ҷузъиёти боздошти писари Гулмурод Ҳалимов
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i16934-Тавзеҳи_ҷузъиёти_боздошти_писари_Гулмурод_Ҳалимов
Бо гузашти беш аз 22 рӯз аз интишори хабари боздошти Беҳрӯз Гулмуродов, писари бузурги сарҳанги фирории Гулмурод Ҳалимов аз сӯйи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон, мақомоти Додситонии кул ин мавзӯро таъйид кардаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Май 10, 2017 06:13 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳи ҷузъиёти боздошти писари Гулмурод Ҳалимов

Бо гузашти беш аз 22 рӯз аз интишори хабари боздошти Беҳрӯз Гулмуродов, писари бузурги сарҳанги фирории Гулмурод Ҳалимов аз сӯйи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон, мақомоти Додситонии кул ин мавзӯро таъйид кардаанд.

Ба гузориши сайти “Топ ти.ҷи”, як мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон бидуни зикри номи худ бо таъйиди хабари боздошти Беҳрӯз Гулмуродов гуфт, вай дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе замоне, ки қасд дошт ба Маскав парвоз кунад ва аз Русия назди падараш ба Сурия ё Ироқ баравад, дастгир шуд.

Қаблан расонаҳои хабарии Тоҷикистон эълом карда буданд, ки Беҳрӯз Гулмуродови 18 сола аз сӯйи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар зодгоҳаш- рустои Дараи Фонӣ, дар ноҳияи Варзоб, дар шимоли шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Ин мақоми Додситонии кулли Тоҷикистон муддаӣ аст, писари бузурги сарҳанги фирорӣ - Гулмурод Ҳалимов бо парвоз ба Русия, ба дунболи пайдо кардани роҳе барои рафтан назди падараш буд, ки боздошт шуд. Вай акнун дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.

Сарҳанг Ҳалимов аз хонум Назокат Муродова, ҳамсари аввалаш 4 фарзанд дорад, ки Беҳрӯзи 18 -сола писари бузургаш мебошад. Ҳамчунин вай аз хонум Ҳумайро Мирова, ҳамсари дувумаш ва сухангӯи пешини Хадамоти давлатии гумруки Тоҷикистон дорои 4 фарзанд аст, ки ин хонум ба ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш дар Сурия ва ё Ироқ ба сар мебарад.

Рӯзномаи “Таймс” чанде қабл аз марги Гулмурод Ҳалимов, яке аз фармондеҳони аршади ДИИШ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар Мусили Ироқ хабар дода буд. Вай дар Тоҷикистон ба иттиҳоми хиёнат ба ватан, узвият дар гурӯҳи террористӣ ва нақзи савганди вафодории афсарӣ таҳти пайгарди қазоӣ қарор дорад.

Тобистони гузашта Курт Ройс, раиси муовини амниятии вазири умури хориҷаи вақти Амрико аз таъйини ҷоизаи се миллиондолларӣ барои итилоъ аз сарнавишти Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик хабар дода буд.

Сарҳанг Гулмурод Ҳалимови 42 –сола, фармондеҳи пешини нерӯи вижаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон авохири апрели соли 2015 нопадид шуду авохири моҳи майи ҳамон сол бо интишори як паёми видеоӣ дар шабакаи иҷтимоии Ютюб, аз пайвастани худ ба гурӯҳи террористии ДИИШ хабар дод.