Май 10, 2017 13:45 Asia/Dushanbe
  • Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз нерӯгоҳи “Роғун”

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз нерӯгоҳи дар дасти сохти “Роғун” боздид кард.

Эмомалӣ Раҳмон, ки субҳи имрӯз ба маҳалли сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар шарқи Тоҷикистон сафар кардааст, аз наздик бо раванди сохтусози ин нерӯгоҳ ошно шуд.

Манобеи маҳаллӣ гузориш доданд, Раҳмон зимни суҳбат бо муҳандисону коргарони нерӯгоҳи обии “Роғун” аз онон хост, ба кайфияту амният дар иҷрои ин тарҳ тавваҷуҳи вижа дошта бошанд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳалли пружаи нерӯгоҳи “Роғун” аз нақби 600 метрии дар дасти сохт низ боздид кард.

Сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар 70 километрии шаҳри Душанбе ва бар фарози рӯдхонаи Вахш дар авоили даҳаи 1970-и мелодӣ барномарезӣ шуд, аммо ба далели ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Ӯзбакистон, ҳанӯз такмил нашудааст.