Оғози рӯзҳои фарҳангии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i16954-Оғози_рӯзҳои_фарҳангии_Ӯзбакистон_дар_Тоҷикистон
Барои нахустин бор пас аз солҳо таваққуф дар равобити расмии фарҳангии Ӯзбакистону Тоҷикистон, як ҳайати муташаккил аз ҳунармандону фарҳангиёни ӯзбакистонӣ вориди Душанбе шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 10, 2017 14:49 Asia/Dushanbe
  • Оғози рӯзҳои фарҳангии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон

Барои нахустин бор пас аз солҳо таваққуф дар равобити расмии фарҳангии Ӯзбакистону Тоҷикистон, як ҳайати муташаккил аз ҳунармандону фарҳангиёни ӯзбакистонӣ вориди Душанбе шуд.

Бо вуруди ин ҳайати ҷашнвораи мавсум ба Рӯзҳои фарҳангии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон оғоз шуд, ки то рӯзи 13-уми май идома хоҳад дошт.

Дар барномаи ин ҷашнвора барпоии консерт, намоишгоҳҳои аксу наққошӣ ва намоиши осори синамоии ҳунармандони кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гунҷонда шудааст.

Баргузории рӯзҳои фарҳангии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон аз ҷумлаи барномаҳои мавриди тавофуқи мақомоти олирутбаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни ӯзбакистонии худ пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Ӯзбакистон ва рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев аст.

Ислом Каримов ба шиддат мухолифи густаришу тақвияти равобити Ӯзбакистон бо Тоҷикистон буд.