Бетаваҷҷуҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба коргарони муҳоҷир
(last modified Thu, 11 May 2017 04:35:34 GMT )
Май 11, 2017 09:35 Asia/Dushanbe
  • Бетаваҷҷуҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба коргарони муҳоҷир

Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия аз бетаваҷҷуҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сарнавишти коргарони муҳоҷир дар Русия ба шиддат интиқод кард.

Ба гузориши сайти “Сaa-network.org”, Иззат Амон бо ишора ба ташдиди боздошту ихроҷи теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия дар пайи вуқӯи инфиҷори террористии рӯзи 14-уми фарвардин дар метрои шаҳри Санкт-Петербург ва муттаҳам шудани шаҳрвандони қирғизистонӣ дар ин ҳодиса гуфтааст, ки мақомоти амниятӣ ва интизомии Русия ин иқдомро баҳонае барои фишор бар коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ қарор додаанд.

Вай бо ишора ба ҳузури беш аз 5 миллион коргари муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия таъкид мекунад, ки ин афрод на дар кишварҳояшон имкони кор доранду на дар Русия аз ҳуқуқи аввалияи иҷтимоӣ бархурдоранд.

Мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия афзуд, мақомоти интизомии Русия ҳар вақт, ки мехоҳанд ба баҳонаи густариши тафаккури ифротигарӣ дар миёни ин афрод, бидуни ироаи мадорику шавоҳид коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба вижа тоҷиконро боздошту ихроҷ мекунанд.

Иззат Амон гуфт, агар коргарони муҳоҷири Осиёи Марказӣ дар Русия ба доми фиреби мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ гирифтор мешаванд, ҳукуматҳои минтақа низ дар ин раванд муқассиранд, зеро тавони корофаринӣ барои шаҳрвандонашонро надоранд.

Бар асоси гузориши Додситонии кулли Тоҷикистон беш аз ҳазору 100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ дар Сурияву Ироқ ҳузур доранд, ки бештарашон аз Русия ба ин ду кишвари арабӣ рафтаанд ва 300 тан аз онон дар ин даргириҳо кушта шудаанд.