Май 11, 2017 10:22 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани ду навҷавон дар инфиҷоре дар минтақаи Кӯлоб

Дар пайи вуқӯи инфиҷорӣ дар 5 километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон, дар ноҳияи марзии Шамсиддин Шоҳин, дар минтақаи Кӯлоб ду навҷавони 14 ва 15 -сола захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

Ба гузориши сайти “Топ.ти.ҷи”, ду бародар ба номҳои Шоҳрух ва Суннатуллоҳи 14 ва 15 –сола, аз сокинони рустои Қавоқи ноҳияи марзии Шамсиддин Шоҳин ҳангоми дарави алаф бар асари инфиҷор аз атрофи сару даст ба шиддат захмӣ шуданд.

Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ин инфиҷор дар наздикии посгоҳи марзии шумораи 12 иттифоқ афтод.

Тобистони соли 1993 дар ин минтақа дар даргирии хунин миёни нерӯҳои марзбонии Русия ва ҷангҷӯёни иттиҳоди мухолифони вақти Тоҷикистон 25 марзбони рус кушта шуда буданд.

Мақомоти маҳаллӣ ҳанӯз дар бораи навъи маводи мунфаҷира эъломи назар накардаанд.

Гуфта мешавад, ки интиқоли ин ду навҷавони захмӣ ба наздиктарин бемористон дар рустои Саричашма чаҳор соат тӯл кашидааст, аммо саранҷом бо талоши пизишкон наҷот ёфтаанд.

Пизишкон ҳамакнун мулоқот бо ин ду навҷавони осебдидаро ба далели вазъи ҷисмонии онон мамнӯъ кардаанд.