Май 12, 2017 07:30 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби ду созишномаи ҷадиди қарзӣ миёни БОР ва Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон ду созишномаи ҷадиди қарзи миёни БОР ва давлати ин кишварро ба маблағи беш аз 65  миллион доллар тасвиб кард.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи 11-уми май қарордод  барои дарёфти  65,2 миллион доллар қарзу кумаки билоиваз  аз Бонки осиёии рушд ҷиҳати таҷдиди роҳи мошингарди  Душанбе-Қурғонтеппаро баррасӣ ва  тайид кард.

Меҳринамо Ҷонмаҳмадзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии тарҳи мазкур  дар парлумон гуфт, ки тибқи ин қарордод  наздики 50 миллион доллари он қарз ва 15.8 миллион доллари боқӣ кумаки билоиваз аз ҷониби БОР аст.

Ба гуфтаи хонум Ҷонмаҳмадзода ҳазинаи умуми тарҳ 96.4 миллион доллар буда, дар чаҳорчуби он бозсозии қитъаи  33 километраи  роҳи  Душанбе – Қурғонтеппа пешбинӣ шудааст. 

Муовини вазири моляии Тоҷикистон таъкид кард, ки барои амалисозии тарҳи таҷдиди ин қитъаи роҳи Душанбе-Қурғонтеппа , дар баробари БОР  инчунин 12 миллион доллар қарзи Сандуқи байналмиллалии рушди Опек, 2 миллион доллар кумаки Бунёди неруи тоза ва 17. 2 миллон доллар саҳми ҲТ низ шомил мешавад.

Дар  навбати хеш Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, ки бозсозии роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа барои рушди зарфиятҳои содиротии кишвараш мусоидат хоҳад кард.

Ба гуфтаи Худоёзода мизони содироти коло тариқи ҷодаи мазкур нисбати воридот ду баробар зиёд буда, амалисозии тарҳи мазкур барои  афзоиши интиқоли коло аз Тоҷикистон  ба Афғонистон, Ирон  Покистон ва Туркия бисёр муҳим аст.

Тибқи иттилоъи масъулини вазорати нақлиёти Тоҷикистон иҷрои амалии тарҳи бозсозии марҳилаи аввали роҳи Душанбе– Қурғонтеппа  моҳи июни соли ҷорӣ  оғоз  шуда,  то моҳи марти соли  2021 идома хоҳад ёфт.

Гуфтанист  роҳи мошингард аз  Душанбе то шаҳри Қурғонтеппа беш аз 90 км тул дошта, ҳазинаи умумии таҷдиди ин ҷода бар асоси ҳисобҳои муқадамотӣ  беш аз  215 миллион доллар арзёбӣ шудааст.