“Азия плюс”: Нархи гарони сӯхт ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро гулӯгир мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i17076-Азия_плюс_Нархи_гарони_сӯхт_ширкатҳои_ҳавопаймоии_Тоҷикистонро_гулӯгир_мекунад
Таҷлил аз солгарди пирузӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, идомаи қазияи боздошти мақомоти Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, натоиҷи афви муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ба синни 80 расидани Ҳошим Гадо,  коргардон ва ҳунарманди саршиноси синамо ва театри тоҷик аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Май 12, 2017 19:58 Asia/Dushanbe
  • “Азия плюс”: Нархи гарони сӯхт ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро гулӯгир мекунад

Таҷлил аз солгарди пирузӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, идомаи қазияи боздошти мақомоти Ожонси зидди фасоди Тоҷикистон, натоиҷи афви муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ба синни 80 расидани Ҳошим Гадо,  коргардон ва ҳунарманди саршиноси синамо ва театри тоҷик аз мавзӯъҳои меҳварии матолиби нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи “СССР” дар саҳфаи аввали хеш акси Сталин, Ҳитлер ва куҳнасарбозони Ҷанги Ҷаҳонии Дувумро чоп карда, бо ҳарфҳои бузург навишт, “Иди Ғалабаи халқи тоҷик дар фашизми аврупоӣ муборак!” Ин ҳафтанома инчунин дар чанд матолиби ҷудогона аз корнамоии фиристодагони тоҷик дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум қисса  кардааст.

Ҳафтаномаи “Озодагон” дар матлабе таҳти унвони  “Фасоди бузург: иродаи сиёсӣ ва суолҳои бепосух”, навиштааст, ки “таҷрибаи Тоҷикистон дар амри мубориза бо фасод ва таъсиси  ниҳоди вижае ҳам дар ин замина нишон дод, ки набудани иродаи қотеи сиёсӣ боиси  рушди фасод шудааст”. Муаллифи матлаб аз иқдомоти давлати Тоҷикистон дар амри мубориза бо фасод чандин суолро матраҳ кардааст, аз ҷумла “чаро то кунун ниҳодҳои давлатӣ ҳозир намешаванд, ин ҳодисаҳоро барои мардуми кишвар аз тариқи расонаҳо тавзеҳ бидиҳанд?”. Саволи дувуми  муаллиф ин аст, ки “чаро ба воқеият ва ҷиддияти ин ҳаводис, ки амалкарди бесобиқае мебошад, расонаҳои минтақа, пеш аз ҳама расонаҳои ҳангомабарангези русӣ таваҷҷуҳе намекунанд? Оё онҳо ба мантиқи ин амалкард шакк доранд?». Дар идомаи матлаб муаллиф менависад, ки «агар аз хонаи мансабдори сатҳи миёна ин миқдор  дороиву сарват  пайдо шавад, аз хонаву таҳхонаву суратҳисоби мансабдорони баландтар чӣ миқдор дарёфт мешуда бошад? Милюнҳо ба миллиард ва килоҳо ба тонна табдил мешаванд?».

Ба хулосаи муаллиф,  суоли аз ҳама асосӣ ин аст, ки бо шурӯи ин гуна амалкардҳо «оё мо метавонем ба зуҳури як иродаи нави сиёсӣ дар роҳи решакан кардани фасод умед бандем? Агар посух “бале” ҳаст, пас кори бузурге оғоз шудааст. Аммо дар сурати посухи “не” будан ҳам роҳи дигаре барои пирӯз шудан бар фасод вуҷуд надорад, ило иродаи қотеъ».

Ҳафтаномаи “Самак” дар малабе навишт, ки беш аз 100 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия афв шудаанд. Ба навиштаи ин ҳафтанома,  тибқи омори мақомоти Тоҷикистон,  дар ҷараёни маъракаи афви муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки аз 25 март бо 24 апрели соли ҷорӣ идома кард, 102 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон имкон ёфтаанд, ки будубоши худро дар он кишвар қонунӣ кунанд. Вале боз ҳам 90 ҳазор аз муҳоҷирони тоҷик дар рӯйхати сиёҳи Русия боқӣ мемонанд. Дар ҳамин ҳол, бисёре аз муҳоҷирон шикоят кардаанд, ки дар аксари шӯъбаҳои муҳоҷирати пулиси Русия аз афви эълоншуда иттилои дурусте надоштанд ва ба ин далел натавонистаанд будубоши худро дар чорчӯби ин маъракаи афв қонунӣ кунанд.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлабе афзоиши синни бознишастагӣ барои кормандони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон, аз ҷумла барои маъмурони Хадамоти гумруки ин кишварро баррасӣ кардааст. Ин нашрия менависад, ки ахиран, парлумони Тоҷикистон тарҳеро тасвиб кард, ки тибқи он, аз ин ба баъд генералҳои Хадамоти гумрук дар синни 63-солагӣ, сарҳанг дар синни 58 ва кормандони дорои рутбаҳои аз ин поинтар дар синни 53-сола  бознишаста хоҳанд шуд. Ҳадафи аз ин ислоҳот, ба гуфтаи намояндагони парлумон,  сарфаҷӯӣ дар масрафи буҷаи давлатӣ дар вазъи буҳрони иқтисодӣ аст.

Рӯзномаи “Имрӯз нюз” дар матлабе навиштааст, ки писари Гулмурод Ҳалимов, сарҳанги фирории тоҷик дар фурудгоҳ зимни қасди сафар ба хориҷ боздошт шудааст. Нашрия аз қавли манобеи мақомоти интизомӣ навиштааст, ки Беҳрӯз Ҳалимови 18-сола, писари Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи нерӯҳои вижаи Вазорати умури Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар ҳоле ки мехост,  ба Маскав парвоз кунад, боздошт шудааст. Ба гуфтаи ин манобеъ, Беҳрӯз Ҳалимов бо падараш, ки айни замон дар сафҳои гурӯҳи ДОИШ меҷангад, робита дошта, қасд доштааст, аз тариқи Маскав минбаъд ба Ироқ ё Сурия  сафар кунад. Гуфта мешавад, Беҳрӯз Ҳалимов соли гузашта мактаби миёнаро хатм намуда, дар зодгоҳаш - Дараи Фони ноҳияи Варзоб ба савдои хурд машғул будааст.

Нашрия ёдовар мешавад, ки 15 апрели соли равон маҷаллаи «Таймз» дар бораи кушта шудани Гулмурод Ҳалимов хабар нашр кард.

“Азия плюс”, ҳафтаномаи русизабони чопи Душанбе дар матлаби таҳлилие навиштааст, ки воридохти сӯхти ҳавопаймо ба Тоҷикистон дар инҳисори як ширкат буда, нархи гарони сӯхт ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро гулӯгир мекунад. Муаллиф дар ин матлаб менависад, ки бо вуҷуди талошҳо касе ҳозир нашудааст, ошкор кунад, ки молики ин ширкати воридкунандаи сӯхти ҳавопаймо кист, аммо далели собит ин аст, ки шурӯъ аз соли 2016  воридоти сӯхти ҳавопаймо ба Тоҷикистон танҳо аз сӯйи ин ширкат сурат мегирад. Ба навиштаи муаллиф, бо вуҷуди он ки ширкати мазкур тибқи тавофуқоти  Душанбе ва Маскав сӯхти ҳавопайморо бидуни аворизи гумрукӣ бо нахри наздики 700 доллар барои як тонна ворид мекунад, аммо онро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ бо нархи 1200 доллар, яъне ду баробар қиматтар мефурӯшад. Бо назардошти ин, ба гуфтаи муаллиф, ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар бештари маврид маҷбур мешаванд, ки барои харидории сӯхти арзон дар фурудгоҳи кишварҳои ҳамсоя бинишинанд. Инчунин ба навиштаи ҳафтанома яке аз далелҳои аслии қимати болои билети ҳавопаймо дар ширкатҳои Тоҷикистон маҳз нархи болои сӯхти ҳавопаймо дониста мешавад.

Ҳафтаномаи “СССР” дар ин шумораи хеш замимаи вижаеро ба муносибати 80-сола шудани Ҳошим Гадо, коргардон ва ҳунарманди саршиноси театр ва синамои тоҷик бо забони тоҷикӣ ва русӣ чоп кардааст. Дар малабе бо номи “Ҳошим Гадо – шиноси ношинос”, нашрия навиштааст, ки тамомии нақшҳои офаридаи Ҳошим Гадо дар саҳнаи кинову театр бемисланд, ҳатто нақшҳои манфияш. Ҳамзамон муаллиф менависад, ки “Ҳошим даҳсолаҳост, аз бозиҳои пасипардагӣ дилсард шудаву аз театр фирор кардааст. Аммо ин фирори ӯ мисли фирори дигарон нест, ки «ҳақиқатро дар мино» дидаву аз оламу одам бибридаву худро ба майю шароб мезананд. Ҳошим гурехт, аммо на ба оғӯши фаромӯшӣ. Ӯ барои худ ҷодаи нав кашф кард ва собит сохт, ки ба ҳар коре нобиға даст занад, гул мешукуфонад!!!  Ҳошим Гадо дар тӯли 7-8 сол...100 ҷилд китоб навишт». Муаллифи матлаб таъкид кардааст, ки  80-солагии Ҳошим Гадо ҷашнвораест, ки миллат бояд онро  ҷашн мегирифт! Дар ҳамин ҳол, нашрия ёдовар шудааст, ки Ҳошим Гадо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, ки беш аз 100 нақш офаридааст, дар рӯзи таҷлил аз 80-солагиаш президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузураш пазируфта, ӯро  бо унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон қадр намудааст.  Дар ин бора 10 май фармони раиси ҷумҳур содир шуда, дар фармон омадааст, ки ин унвонро "барои таҳияи асарҳои баландмазмуни бадеӣ, намоишномаҳо ва тарбияи ҳунармандони ҷавон ба Ҳошим Гадо супурдаанд.