Май 13, 2017 09:53 Asia/Dushanbe
  • Оғози муҳокимаи 4 сокини вилояти Суғд ба иттиҳоми салафигарӣ

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пушти дарҳои баста муҳокимаи 4 сокини вилояти Суғдро ба иттиҳоми таблиғи андешаҳои гурӯҳи мамнуаи салафия оғоз кардааст.

Ба гузориши сайти “Топ.ти.ҷи”, Боҳир Зоирзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтааст, ки яке аз ин 4 муттаҳам ба номи Самеъ Улмасов дар соли 2005, ки ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия ҳузур дошта, аз фарде ба номи Юсуф афкори гурӯҳи салафияро омӯхта ва бо бозгашт ба зодгоҳаш ба таблиғи андешаҳои ин созмони ифротӣ пардохтааст.

Раиси Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъкид кардааст, ки ин 4 нафар бо иқомаи намоз ба равиши гурӯҳи мамнуаи салафия, гузоштани риши баланд ва пӯшидани либоси хоси салафиҳо афкори ин гурӯҳи ифротиро таблиғ ва ҷавононро ба ин созмони мамнуа ҷазб кардаанд.

Наргис Яъқубова. вакили мудофеи ин муттаҳамон гуфтааст, ки ин афроди 22 то 40 сола ва дорои хонавода ва зану фарзанд ҳастанд ва собиқаи ҷиноӣ надоранд.

Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки додгоҳ ҳангоми судури ҳукми ниҳоӣ ба ин масоил таваҷҷуҳ кунад.

Фаъолони салафия бо таблиғи афкори худ дар ҷомеаи Тоҷикистон ихтилофи шадидеро миёни мусалмонон пойбанд ба мазҳаби ҳанафӣ ва пайравони салафӣ эҷод карданд то ҳадде, ки ҳукумати ин кишвар маҷбур шуд фаъолияти ин гурӯҳи ифротиро дар соли 2009 мамнуъ кунад.

 Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар соли 2014 бо эъломи ин гурӯҳ ба унвони созмони ифротӣ заминаи боздошти аъзои ин фирқаро муҳайё кард.